arzon replenishment
Духтари эшон: Дар пеши чашми падарам худамро оташ мезанам!
7547

 

Бибифотима ном дорам, духтари яке аз эшонҳои номдор ҳастам. Падари маро бисёриҳо мешиносанд.

Мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат бипурсам, чунки аз ғами ишқ қариб девона шудаам. Гап дар сари он аст, ки эшону эшонзодаҳо ҳаргиз духтаронашонро ба одамони бегона ба шавҳар намедиҳанд. Духтари эшон бояд ҳатман ба эшон расад, вале ман ба як ҷавоне ошиқи шайдо гаштаам, ки аз дин умуман дур аст. Дӯстдоштаам Анушервон ном дорад, ҷавони босавод аст, духур шуда кор мекунад. Аслан, эшонзодаҳо ба духтур намераванд, вале боре модарам бемори вазнин шуду падарам ночор иҷозат дод, ки дар беморхона хобида табобат бигирад. Азбаски ҳоли мдарам бисёр вазнни буд ва баъди ҷарроҳӣ аз ҷояш хеста наметавонист, ҳамроҳаш дар беморхона хобида, муддати 20 рӯз ӯро нигоҳубин намудам. Ана дар ҳамон беморхона ман бо Анушервон во хӯрда, бо як нигоҳ ошиқи зори ин ҷавони бофазлу дониш гаштам. Рӯзҳои аввал ӯ танҳо ҳамчун духтур бо ман гап мезад, вале баъд аз афташ оташи ишқ дар қалбаш аланга зад, ки ба ман изҳори муҳаббат намуд. Дар ҷавоб гуфтам, ки вақти ишқбозӣ кардан надорам, агар маъқул бошам, падару модараш ба хостгорӣ фиристода, бо никоҳи мусулмонӣ маро ба занӣ бигирад. Духтур хурсанд шуда, суроғаи хонаи моро гирифт ва баъди аз беморхона баромадани модарам волидонаро ба хостгорӣ фиристод, аммо...

Падарам бо дидани модари домодшаванда, ки дар як идораи бонуфуз кор меардаасту ба қавли маъруф зани “современний” будааст, ба ғазаб омада, хостгорҳоро аз хона пеш кард. Ҷуръати бо падарам гап задан накарда, дар пеши пойи модарам афидам, ки маро ба Анушервон ба шавҳар диҳед, чунки ман ӯро дӯст медорам. Модарам “бачам, ин гапро дигар такрор накун, агар падарат фаҳмад, ки ту он духтурро дӯст доштаӣ, ба худо сари ҳардуямонро аз танамон ҷудо мекунад” гуфта, ба даҳонам зад.

Хостгорон ноумед баромада рафтану ман ба гирдоби ғаму дард афтодам. Падарам мехоҳад маро ба як эшонзодаи дигар, ки аз рӯйи шунидам ду ё се зан доштааст, ба шавҳар диҳад. Ман зани дуюму сеюм шудан намехоҳам, вале хуб медонам, ки дар ин бора бо падарам баҳс крадан маънӣ надорад. Аздусар падарам “Пайғамбарамон Ҳазрати Муҳаммад чор зан доштанд” гӯён, гапи худашро мегузаронад. Саҳисоби корамро гум кардаам. Илтимос, ягон роҳи аз ин никоҳ халосӣ ёфтанро бигӯед, вагарна даст ба худкушӣ мезанам. Ман ба худ қавл додаам, ки агар падарам маро зӯран ба ҳамон эшони занҷаллоб диҳад, рӯзи никоҳ худамро дар рӯйи ҳавлӣ оташ мезанам!

Бибифотимаи ҷигарсӯхта   

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Али 2022-01-02, 03:10
Худо мададгор бошад омин
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Али 2022-01-02, 03:10
Худо мададгор бошад омин
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД