shoh palace
Шаҳроми Абубакр: Уболи духтарон мегирад, агар ба мулоқоташон наравам!
19.08.2019
Мумтоз
5480

 -Шаҳром, дар байни мардум миш-миш буд, ки ба хотири ишқи як духтари ҷавон шумо ҳамсаратонро талоқ додаед....?

-Худо ба мо фарзанд надода бошад ҳам, ман ҳамсарамро дӯст медорам, чунки духтари хуб аст, падару модарамро ҳурмату эҳтиром мекунад. Фикри ҷудо шудан ягон бор ба сарам назадааст.

-Духтарҳо мардони машҳурро дӯст медоранд. Маъшуқаҳои Шаҳроми Абубакр низ кам набудагистанд?

-Ҳастанд албатта духтарҳое, ки маро ба мулоқоти ошиқона даъват мекунанд, вале ба хубӣ мефаҳмонам, ки ман оилаи обод дорам, беҳуда худро фиреб карда, вақташонро барҳадар нагузаронанд.

 -Янга аз гиребонатон намегирад, ки чаро ин қадар духтарҳо ба ту занг мезананд?

-Ҳамсари ман зани оқила аст, медонад, ки мухлисони Шаҳром аз мӯйи сараш ҳам зиёдтаранд. Ба зангҳои духтарон аҳамият намедиҳад. Дилаш пур аст, ки ман оилаамро дар ҷойи аввал мегузорам.

 Шаҳром тарки саҳна мекунад?

-Солҳои охир Шаҳромро дар саҳна қариб, ки намебинем. Магар ягон кори серпул ёфтед?

-Зиндагиро танҳо бо санъат пеш бурда намешавад, аз ҳамин хотир, ман кам-кам тиҷорат ҳам мекунам, бар замми ин, баъзе мушкилотҳои оилавӣ доштам. Аз ҳамин сабаб, моҳҳои охир дар чашми мардум камтар намудор гаштам.

-Тиҷорат соҳаи сердаромад аст. Бой шуда равед, тарки саҳна мекардагистед?

-Ман ба хотири пул не, аз сари шавқ суруд мехонам. Меҳри санъат бо хуни падару шири модар дар вуҷудам маъво гирифтааст ва зиндагии худро ман бидуни суруду мусиқӣ ҳатто тасаввур карда наметавонам. Новобаста ба ҳама ташвишҳои тиҷоратиам мудом аз пайи офаридани оҳангҳои тоза ба тоза ҳастам. Бахшида ба соли нав чанд суруди тару тоза омода намудам, ки рӯзҳои наздик пешкаши мухлисон мегарданд.


 

Мардум аз тарс ҷуръати ошкоро дар ин бора ҳарф задан надоштанд, аммо дар кӯчаву пасткӯчаҳо аз кӯдаки 7-сола, то пири 70-сола ҳама бо якдигар пичир-пичир мекарданд: “Шунидед, духтари президент ба як актёри ҷавон ошиқ шудааст!”


 

Дӯстон баҳс мекунанд, вале...

-Як дӯсти наздикатон гуфт, ки Шаҳрому Баха-84 аз рӯи як духтар даст ба гиребон шуда, занозанӣ карданд. Шумо ва Баха ҷӯраҳои ҷонӣ будед. Наход кас барои як зан шуда, бо дӯсти наздикаш ҷангӣ шавад?

-Шумо журналистон аз ҳама гап бохабаред. Аз шумоён ягон чизро пинҳон карда намешавад. Баъзан кам-кам ҷангу ҷанҷол кардан хуб аст. (Механдад). Дӯстӣ бе баҳсу мунозира намешавад, вале ин маънои онро надорад, ки мо умрбод қаҳрӣ шуда, аз ҳамдигар рӯй гардонем...

Бо Шабнами Сурайё дуэт месароем, агар...

-Бармегардем сари мавзӯи Шаҳроми сароянда ва ҳаёти эҷодии ӯ. Чаро бо бонувони машҳур аз қабили Нигина Амонқулова , Фарзонаи Хуршед , Шабнами Сурайё ва дигарон дуэт намехонед? Магар аз янга метарсед?

-Ман ҳеҷ гоҳ занкалон набудаму нестам. Дар мавриди бадеҳахонӣ бошад, ҳамроҳи Нигина Амонқулова суруди “Дил аз ману оҳ аз ман”-ро дар шакли дуэт сароида будем. Худо, агар насиб карда бошад, дар оянда бо Шабнаму Фарзона ҳам суруд мехонам.

 

-Иммиҷ барои сароянда бисёр муҳим аст. Дар интихоби либос кӣ ба шумо кӯмак мерасонад. Дизайнер доред?

-Ман мисли дигар мардҳои сароянда стилист ва гримёр надорам. Ҳамеша сару либоси саҳнавиамро худам интихоб мекунам.

 -Бисёриҳо чунин андеша доранд, ки аз дасти продюсерони имрӯза коре намеояд. Шумо чӣ назар доред?

-Продюсер дар пешравии ҳунари сароянда саҳми босазо дорад. Санъаткорон бояд ба қадри заҳмати продюсер бирасанд, чунки агар продюсер набошад, даводаву ташкили консерт, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо студияҳо, реклама ва боз ҳазору як мушкилоти дигар ба сари худи ҳунарманд бор мешавад. Аз паси ин корҳо давида гардӣ, кай эҷод мекунӣ?

 -Ин тавр бошад, чаро худи шумо продюсер надоред?

-Як сабаби танбалии ман дар ана ҳамин надоштани продюсеру спонсор аст. (Механдад). Кӯшиш мекунам, ки дар оянда ин хатои худро ислоҳ намоям.

 Сароянда+актёр

-Дар филми «Кин» чеҳраи ошное ба назарам расид, ки ба шумо монанд буд...?

-Бале, дар ин филм ман нақши босмачиро бозидаам.

 -Умуман дар чанд филми тоҷикӣ то имрӯз нақш бозидаед?

ар 3-филм. “Убури сангин», “Риё” ва «Кин».

 -Росташро гӯед, актёрӣ бароятон бештар писанд аст ё сарояндагӣ?

-Нақш бозидан дар кино аҷибтар аст, вале мутаассифона, ин соҳа дар кишвари мо чандон пеш нарафтааст. Бартарии сарояндагӣ дар он аст, ки бе ёрии дигарон, тани танҳо ҳам метавонӣ суруд эҷод намоӣ.

 Дар боби интернет

-Имрӯзҳо аз номи сарояндагон бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтиҷоӣ саҳифа кушода, мардумро аҳмақ мекунанд. Шумо дар кадом сомонаҳои иҷтимоӣ саҳифа доред?

аро фақат дар Инстаграм ва Фейсбук пайдо карда метавонед.

Суҳбаторо Мумтоз

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД