goodwell
Духтур, варзишгар ва муаллим Кадом ихтисосҳо имрӯз “мӯд”шудаанд?
06.08.2026
Оила
48

Духтур, варзишгар ва муаллим

Кадом ихтисосҳо имрӯз “мӯд”шудаанд?

Чанд сол пеш қисми зиёди хатмкунандагони мактабҳои миёна кӯшиш мекарданд, ки ба риштаи ҳуқуқшиносӣ, бонк ё забонҳои хориҷӣ дохил шаванд, вале маълум мешавад, ки имсол довталабон бештар барои ба факултаҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ё варзиш шомил шудан талош кардаанд.

Тавре ки директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, тибқи натиҷаҳои даври асосӣ 1974 нафар довталабон кластери 3-филология, педагогика, санъат ва 1950 нафарро кластери 5-тиб, биология, варзишро интихоб намудаанд.

Аз байни довталабоне, ки синфи 9-ро хатм кардаанд, бо 1610 нафар риштаи тиб, биология ва варзишро интихоб кардаанд.

Зикр карда шуд, ки шумораи зиёди довталабон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро интихоб кардаанд.

Имсол шумораи довталабон нисбат ба соли гузашта 32 фоиз афзоиш ёфта, бо ҳуҷҷати хатми синфи 11-ум 124 ҳазору 323 нафар ва бо синфи 9-ум 25 ҳазору 131 нафар барои дохил шудан ба донишкадаҳои олӣ ва коллеҷҳои кишварамон ҳуҷҷат супурдаанд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД