Рӯзҳои 14-15-уми феврали соли 2026 дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Чемпионати кишвар оид ба кураш баргузор хоҳад шуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ин мусобиқа яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сол дар тақвими варзишии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, беҳтарин паҳлавонони кишварро аз минтақаҳои гуногун ба ҳам меорад.
Дар ҷараёни рақобатҳо варзишгарон дар вазнҳои гуногун барои ба даст овардани унвони қаҳрамонии мамлакат ва роҳ ёфтан ба ҳайати мунтахаби миллӣ мубориза мебаранд. Инчунин мусобиқа барои нишон додани сатҳи омодагӣ, таҷриба ва маҳорати техникии паҳлавонон дар остонаи мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Ғолибону ҷоизадорони чемпионат минбаъд Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ ва дигар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ намояндагӣ хоҳанд кард. Аз ин рӯ, натиҷаҳои чемпионати имсола барои муайян кардани ҳайати асосии мунтахаби кишвар аҳамияти калон доранд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта, 25-уми январ дар Маҷмааи варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов ва 26-уми январ дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Чемпионати дуюми Тоҷикистон оид ба гӯштини кураш баргузор гардида буд.