Arzon march 2024
Ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ то соли 2025 амал менамоянд
486

 

Аз ҷониби Тоҷикистон бо Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) ва Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ (СДС) ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки то соли 2025 амал менамоянд.

Ин нукта зимни мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо муовини ёвари маъмури Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) хонум Нидҳи Боурӣ садо дод.

Бино ба иттилои давтари матбуоти вазорат, дар мулоқот ҳамзамон муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат низ иштирок доштаанд.

Сараввал Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шудааст.

Аз ҷумла қайд гардидааст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамкориҳоро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути агентиҳои дахлдори он ба роҳ мондааст. Аз ҷумла дар ин ҷода бо Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) ва Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ (СДС) ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расида, то соли 2025 амал менамоянд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои вазорат ва Агентии мазкур дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро дар ин самт баён доштаанд.

Инчунин, дар рафти мулоқот ҳарду ҷониб дар доираи Ташаббуси глобалии амнияти саломатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое, ки метавонанд дар доираи ин ташаббус маблағҳои бештареро ҷалб намоянд, ворид гардидааст, имкониятҳоро баррасӣ намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД