sebiston july new
ЭЪЛОН: ДАР ДУШАНБЕ ОБ ҚАТЪ МЕШАВАД!
4410

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ба роҳ монда, дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Душанбе таъмини оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Аз соати 01:00 рӯзи 23 июл то соати 00:00 рӯзи 24 июли соли 2021, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз», кӯчаи Варзишгарон, ноҳияи Исмоили Сомонӣ - хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи Самад Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Шевченко, Шероз, Саид Носир, Шотемур, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдулло Командир, Маҳмадулло Холов, Лоиқ Шералӣ, Ғанӣ Абдулло, Азизбеков, Фазлиддин Шаҳобов, Лев Толстой, Мирсаид Миршакар, Ҳофизи Шерозӣ, Пушкин ва Теҳрон. Инчунин аз истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» об қатъ мегардад.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Исомиддин Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қурбон Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, Умари Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои Пӯлод Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Умари Хайём то кӯчаи Самад Ғанӣ), инчунин Боғи Садриддин Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ, Бунгоҳи гармитақсимкунии-1 дар кӯчаи Саид Носиров, шаҳрчаи тандурустӣ, ноҳияи Шоҳмансур - маҳаллаҳои Нисор Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1, 2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академик Раҷабовҳо ва Садриддин Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77, ноҳияи Сино - маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамиршикор, кӯчаи Бобо Ҳамдам, Бунгоҳи гармитақсимкунии-2 дар маҳаллаи 83, ноҳияи Фирдавсӣ - кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Неъмат Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе оби нӯшокӣ қатъ мекардад.

Раиси шаҳри Душанбе ба раисони ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки дар ин давра бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД