formula
Ёсамин Ташрифро бо Ғолиб иваз кард?
964

Ин ҳафта тамоми обуначиёни контенти тоҷикии ютюбу инстаграм “ёри Кӯлобӣ”-и Ёсамин Давлатоваро тамошо карданд. Ӯ ин таронаашро ҳамагӣ чанд рӯз пеш пешниҳоди ҳаводоронаш кард.

Баъди тамошои клипи он аксари мухлисон зери шаҳр навиштанд, ки ин тарона идомаи мантиқии “Кабӯтар” аст, ки дар як соли охир “хит” шуда, қариб тамоми ситораҳои маъруфи тоҷику узбек онро сароиданд.

ЁСАМИН ДАР БОРАИ ОВОЗАҲО ЧӢ МЕГӮЯД?

Ёсамин дар он тарона аз дилашро бурдани касе зикр карда, ӯро ба кабутар ва парӣ монанд мекунад. Акнун маълум шуд, ки ин парии Ёсамин писаре аз Кӯлоб будааст, чунки далели ин гуфтаҳо тавлиди таронаи дуюм аст.

Ҷолиб он аст, ки дар ин тарона нақши ёри Ёсаминро ҳаҷвнигоре бо номи Ғолиб иҷро мекунад, ки ҳамчун Ғолиб-шоу дар интернет маъруф аст.

Бисёре аз бинандаҳо бар он боваранд, ки Ғолиб ёри ҳақиқии Ёсамин аст, зеро ӯ зодаи шаҳри Кӯлоб мебошад. Аммо, то ҷое мо иттилоъ дорем, ин ҳаҷвнигор чанде қабл оиладор шуда буд ва дар тӯяш тамоми сарояндаҳо рафтанд.

Ёсамин “Кабӯтар”-ро машҳур кард ё “Кабӯтар” Ёсаминро?

Дар таронаи нав сароянда ёрашро “қанду асал” гуфта, иқрор мешавад, ки ӯ дар дилаш хона кардааст. Матни аввали тарона чунин аст:

Ёри қанду асалм,

Ҳамун ёри кулобӣ,

Дар дил надорам чора,

Ҳавои ишқ басарай.

Ҳар дам ёди ӯ бо ма,

Даме ҳамсафарай.

Тоқӣ ба сарм дорм,

Бандакш кӯлобӣ.

Сар мекнаму мерам

Пеши ёри кӯлобӣ.

Дар дил хона кардай,

Мана оввора кардай.

Он чашмакои ҷодуш,

Дилма пора кадай.

Агар шумо, хонандаҳои азиз, ёри кӯлобии ин сарояндаро шиносед, ҳатман дар шарҳ нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД