formula
Эҳтиёт бош! Билетқаллобӣ миёни муҳоҷирон!
5458

Дар Русия як гурӯҳ тоҷикбачаҳои беномус ба фиреби ҳамватанони худ машғул шуда, билетҳои қалбакиро ба фурӯш мегузоранд.

Яке аз корбарони Фейсбук-Мамадшо Бандишоев дар ин хусус дар саҳифааш маълумот дода. Аз ҷумла навиштааст:
-Дар ин бора ба ман рӯзе пеш ду хонуми ҳамватанам хабар расониданд. Ин мардумфиребон дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз қабили инстаграму фейсбук саҳифаҳои фейкӣ кушода, дар он ҷо эълони фурӯши чиптаҳои арзони ҳавопайморо нашр мекунанд. Дар зери эълон рақамҳои телефонро гузошта мунтазири зангҳои тоҷикон менишинанд. Вақте тоҷики бечорае фирефтаи нархи арзон гашта бо онҳо дар тамос мешавад, ба ӯ рақамҳои корти бонкии ба номи насаби аслӣ набударо медиҳанд, то маблағи чиптаро ба он рақам гузаронад. Пас аз ин ба тоҷики фиребхурда маълумоти бардурӯғ дар бораи чиптаи дар асл вуҷуд надошта фиристода мешавад. Қаллобон мизоҷи фиребхӯрдаро дилпур месозанд, ки ба фурудгоҳ рафта, ба намояндаи гумрук рақами чипта ва рақами рейсро нишон диҳад, ба Ватан парвоз хоҳад кард, аммо дар асл чунин чипта вуҷуд надорад. Вақте ки мизоҷи беҷора аз “кидат” шуданаш дарак меёбад, дигар аз он билетфурӯшон ному нишоне намеёбад.
Ба гуфти Мамадшо Бандишоев маҳз бо ҳамин роҳ санаи 27-07-19 ин қаллобон як модари тоҷикро бо фарзандаш ғорат карда, сарсону саргардон намудаанд. Ин зани фиребхӯрда ба доми қаллобони мазкур афтода, натанҳо пул, балки вақти қиммати худро низ аз даст додааст.


Мехостам донам, ки агар одам китоби муқаддаси Қуръон ва ҳадисҳои пайғамбарро бо забони русӣ хонад, гунаҳкор мешавад ё савоб мегирад? 

 


Мамадшо Бандишоев дар зери ин навиштаҷот акс ва рақамҳои қаллобро гузоштааст, то дигар бародарону хоҳарони тоҷик ба доми ин фиребгар наафтанд.
Айни замон қаллобон дар ҷустуҷӯй қарор доранд. Номи сарвари ин фиребгарон Алишер Ҳоҷӣ буда, рақамҳои телефонаш чунинанд: +7926-183-53-21, +7945-949-50-50, вотсап: +8926-184-61-02

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД