Тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати шиносоӣ пойдо намудан бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода бо фаъолияти шабонаи таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе шинос шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, аснои боздид Ҳабибулло Хайруллозода аз ҷараёни хизматрасонии тиббии таваллудхонаҳои пойтахт, фаъолияти шуъбаҳои онҳо дидан карда, иброз доштааст, ки хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Бо мақсади таҳлилу баррасии натиҷаи гардиши муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода дар таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе дар Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир гаштааст, ки дар он вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар таваллудхонаҳои пойтахт бо иштироки масъулин таҳлил ва баррасӣ гардидааст.