Formula novemver 2024
Фарҳод Ҷомаҳмадзода: Малахов маро ба “Пуст говорят” даъват кард
5024

 

-Фарҳод, рақси шумо тамоми истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоиро ба ваҷд овардааст, ҳатто русҳо ба ҳунари Фарҳод таваҷҷуҳ доранд. Ба Шумо чи гуна муяссар гашт, ки дар кишвари бузурге ба мисли Русия мавқеъ пайдо намоед?

-Ман соли 2015 ба озмуни “Истеъдодҳои ҷаҳон” роҳхат гирифтам ва дар байни ҳазорон иштирокчиён рақси миллии мардуми тоҷикро иҷро кардам. Рақси ман тамоми ҳакамонро ба ҳайрат овард ва ҷойи аввалро ба банда муносиб дида, маро “Раққоси сол” эълон карданд.

-Яъне, ин озмун калиди сеҳрноке гашт, ки роҳи шуморо кушод?

-Бале, пас аз ҳамин озмун русҳо маро мешинохтагӣ шуданд ва дар Наврӯз хоҳиш карданд, ки бо ҷомаву тоқии зардӯзии тоҷикӣ дар байни 20 миллион тамошобин рақс кунам. Даъвати эшонро ба ҷону дил пазируфта, тамоми ҳунару маҳоратамро нишон додам ва сазовори таҳсину офарин гаштам. Аз ҳамон вақт русҳо маро дар куҷое, ки набинанд, бо табассум “Фарҳад, ты сами лучшый”-гӯён ба сӯям бӯсаҳои ҳавоӣ мефиристанд.
-Чаро аз Тоҷикистон рафтед?

-Ман мехостам барои худам як чизи нав омӯхта дар саҳнаи тоҷик ғулғула афкандам, аз ҳамин хотир Русияро интихоб намудам. Аниқтараш бо квотаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба Донишгоҳи санъат ва фарҳанги шаҳри Маскав дохил шудам. Модарам намедонист, ки писараш бе ягон пушту паноҳ бо истеъдоди фавқулодаи хеш донишҷӯи ин донишкадаи бонуфуз гаштааст. Вақте фаҳмид, хеле хурсанд шуд ва дуо дод, ки дар куҷое набошӣ, ҳамеша муваффақ бош.
-Дар кадом шаҳри Русия зиндагӣ мекунед?
-Дар пойтахти Русия шаҳри Маскав зиндагӣ мекунам ва аз фазои озодаш ҳаловат бурда, ҳар сонияи умри хешро ба рақс мебахшам.

-Кадом сарояндаҳои тоҷик дар Русия бештар шуҳрат доранд?

-Як рӯз дар таксӣ нишаста ба назди як шиносам мерафтам. Дар мошин ҳамроҳи ман як зани калонсоли рус низ буд. Ронанда дар аввал мусиқӣ надошт. Он зани рус бо овози баланд гуфт: “У вас есть песни Шабнами Сурая, это супер певица Таджикистана. Очень талантливая!”
Ман ҳайрон шуда гуфтам, ки Шабнами Сурайё ҳаммиллати ман аст, шумо сурудҳои ӯро дӯст медоред? Зани рус садои ширин дорад гуфта, Шабнамро таърифу тавсиф кард ва ба ҳунараш аҳсан хонд.

-Ҳангоми тамошои рақсҳоятон маро либосҳои бисёр зебову хушдӯхти шумо ба ваҷд оварданд. Барои Фарҳод кӣ либоси саҳнавӣ медӯзад?

ештар дӯстам Ҳусейн Ҳайдаров, ки дизайнери либос аст, ҳар гоҳ ба ман аз Тоҷикистон ҷомаҳои нақшини тоҷикӣ ва тоқиҳои помириву кӯлобӣ мефиристод. Азбаски он кас ба Венна кӯч бастанд, акнун худам ба дӯзандаҳои тоҷик либос фармоиш медиҳам. Дар либоси рақсӣ мӯҳраи бисёр ва зардӯзии аз ҳад зиёдро хуш надорам, аз ҳамин хотир таъкид мекунам, ки либос бояд бисёр нозук бошад.

-Ба фикрам дар Русия ансамбли рақсии худро низ доред?

-Бале, ансамбли рақсии “Гулчин”-ро ташкил намудам, ки роҳбарии онро худам бар зимма дорам. Дар дастаи мо Екатирина Макиевич ном духтараки русе ҳаст, ки рақси тоҷикиро бисёр ҷолиб иҷро мекунад. Забони тоҷикро намедонам, вале дар ҳавои таронаҳои тоҷикӣ хеле зебо мерақсад.

-Рақси тоҷикиро ку омӯзондед, нӯшиш накардед, ки забони тоҷикро низ ба Екатерина ёд диҳед?

-Азбаски шавқаш зиёд буд, дар як муддати кӯтоҳ рақси тоҷикро дар ансамбл ёд гирифт, вале омӯхтани забон барои Екатерина душворӣ карда истодааст. Мегӯяд, ки шояд забони душвортарин дар рӯи дунё забони тоҷикӣ бошад, чунки ҳарчанд кӯшиш мекунам, ҳеҷ онро ёд гирифта наметавонам. Аз ҳама муҳимаш вай рӯҳафтода намешавад. Қасд кардааст, ки бо кадом роҳе набошад, забони тоҷикро меомӯзад. Ҳамеша мегӯяд, ки то забони шуморо ёд нагирам, намемонам.

-Фарҳод, рақс ба ғайр аз шӯҳрат ба шумо боз чӣ медиҳад?
-Ҳузуру ҳаловат мебахшад. Вақте ки тамошобинон қарсақ мезананд, завқи тозае дар ниҳодам ҷӯш мезанад ва дилам ба парвоз меояд.

-Дар Инстаграмм аксҳои шуморо ҳамроҳи Андрей Малахов дида ҳайрон шудем. Фарҳодро бо Малахов чӣ мепайвандад?

-Ман, ки дар доираи сарояндаҳои машҳури Русия ҳастем, тез-тез бо ҳунармандон ва ровиёни шинохта во мехӯрам. Дар консерти ҷашни “Рӯзи якдилии меҳнаткашон” бо Малахов ҳамсӯҳбат гаштам ва ӯ ваъда дод, ки маро ба барномаи машҳури “Пусть говорят” даъват мекунад.

-Ваъда доданду даъват накарданд?

-Даъват карданд, вале он замон берун аз Русия будам. Умед дорам, ки ҳунари бандаро қадр намуда, боз ба суроғам меоянд.

-Мегӯянд, ки Шумо натанҳо консертҳои худатон, балки барномаҳои ҳунарии дигар санъаткорони тоҷикро низ дар Русия ташкил мекунед. Рост аст?

-Бале, консерти Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов, Рустами Нур, Мино ва ахиран консерти Зулайхо Маҳмадшоева дар Русия бо роҳбаладии банда ташкил шуд. Муҳоҷирони зиёде ба консерт омаданд. Дар толор ҷои сӯзанпартоӣ набуд.

-Ба русҳо бештар кадом рақси тоҷикӣ писанд меояд?

-Рақси доира, рақси кӯлобӣ, рақси деҳқонбача ва рақси Бадахшониро дӯст медоранд.
-Агар хоҳиш кунанд, ки дар ҳавои суруди шашмақом рақс кунед, аз ӯҳдааш мебароед?
-Вақти дар Тоҷикистон буданам ман дар ансамбли “Лола” кор мекардам ва мо бештар дар ҳавои сурудҳои шашмақом мерақсидем. Ҳамон вақт нозукиҳои ин рақсро аз устодон ба пуррагӣ омӯхта будам.

-Дар Душанбе мактаби рақсии хешро кушоданӣ нестед?
-Шояд дар ояндаи наздик ин кор ба ман даст надиҳад, вале кӯшиш мекунам, ки ансамбли рақсии замонавие кушода, усулҳои нави рақсро ба ҷавонони боистеъдод омӯзонам.

--Кори раққос бе спонсор ё продюссер пеш рафта метавонад?
-Ман бо меҳнати худам қоматамро рост кардам ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки бе спонсор ва продюсер низ одам метавонад ҳунар хешро сайқал диҳад, агар истеъдоди фавқудода дошта бошад.
-Дар охир ба хонандагони Оила-Мигрант чӣ таманиёт доред?
-Ман аз таъсиси “Оила-Мигрант хеле хурсанд шудам, зеро минбаъд ин газета метавонад рӯзгори муҳоҷирони тоҷикро инъикос намуда, дар ҳалли мушкилоту кушодани гиреҳи кори тоҷиконе, ки берун аз Ватан ҳастанд, кӯмак расонад. Ба тамоми муҳоҷирон гуфтаниям, ки муттаҳид бошанд ва аз ҳуқуқҳои худ, ки қонунҳои амалкунандаи Русия ба ҳар як инсон медиҳанд, истифода бурданро омӯзанд. Дигар миллатҳоро эҳтиром намоянд ва ҳамзамон нагузорад, ки касе онҳоро паст зада, ҳуқуқҳояшонро поймол бозад. Боқӣ ба ҳама тани сиҳат ва барори кор мехоҳам!



 



Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Симина 2019-06-24, 11:36
У вас ест песни Шабнами Сурая, это супер певитса Таджикистана. Очен талантливая!” Акалан хамин суханхояшро бо калимахои забони русси навистагиатонро бе хатоги менависдед.
Посух
Мухочир 2019-06-24, 12:35
"Фарҳод, рақси шумо тамоми истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоиро ба ваҷд овардааст" На хамаи мухочиронро, ман шармам меояд аз У, раксиданаш аз ракси зан кариб фаркияте надорад, Мардонаги надорад ракс. Ракс мезебадаш агар либоси атлас ба бар кунад мисли духтархо.....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Симина 2019-06-24, 11:36
У вас ест песни Шабнами Сурая, это супер певитса Таджикистана. Очен талантливая!” Акалан хамин суханхояшро бо калимахои забони русси навистагиатонро бе хатоги менависдед.
Посух
Мухочир 2019-06-24, 12:35
"Фарҳод, рақси шумо тамоми истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоиро ба ваҷд овардааст" На хамаи мухочиронро, ман шармам меояд аз У, раксиданаш аз ракси зан кариб фаркияте надорад, Мардонаги надорад ракс. Ракс мезебадаш агар либоси атлас ба бар кунад мисли духтархо.....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД