sebiston july new
ФАРЗОНА БА ПАДАРАНДАРАШ МОШИН ТУҲФА КАРД!
1907

 

Дар ютуб –канали SM NEWS наворе нашр гардид, ки дар он овозхони 32- солаи тоҷик Фарзонаи Хуршед ба Пӯлод Шаропов падарандараш  мошини тамғааш “Мерседес” тӯҳфа кардааст.

Ин сароянда дар саҳифаи Инстаграми худ навиштааст:” Тӯҳфаи маро дар рӯзҳои нағз ронед, акои ҷон. Ош шавад!”

Пӯлод Шаропов низ дар саҳифаи Инстаграми худ як аксеро гузошт, ки мошини рангаш сиёҳи “ Мерседес”, ки ба ҷои рақамҳояш Фарзонаи Хуршед навишта шудааст: “Ташаккур барои тӯҳфа”. Фарзона дар посух ҷавоб гуфтааст, ки “Насиб кунад, акаҷон!”.

     Модари Фарзонаи Хуршед Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимоваи 65- сола моҳи сентябри соли соли 2020 бо Пӯлод Шаропов, ки аз ӯ хеле хурд аст, издивоҷ кард. Ин барои Сурайё Қосимова сеюм издивоҷ буд, ки дар ҷомеа сару садои зиёде бар по карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД