Commerce bank may-june 2026
Файзиддинзода: дар 6 моҳ 138 мард худкушӣ ва сӯйиқасд ба худкушӣ кардаанд
72

Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 250 ҳолати худкушӣ ва сӯйиқасд ба худкушӣ сабт шудааст, ки бештари он ба мардон рост меояд.

Дар идомаи сухан Файзиддинзода иброз дошт, ки аз ин шумора 196 ҳодиса марбут ба худкушӣ буда, 54 нафари дигар қасд ба ҷони худ намудаанд. Бо сабабҳои гуногун тӯли шаш моҳи соли 2026 дар ҷумҳурӣ 138 мард худкушӣ ё сӯйиқасд ба худкушӣ намудаанд, ки аз ин шумора 27 нафар писарони ноболиғ будаанд.

Аз ҷониби занон 112 ҳолати худкушӣ ва кӯшиши маҳрум намудани худ аз ҳаёт сабт шудааст, ки аз ин теъдод 18 нафарашон духтарони ноболиғ мебошанд. Ҳодисаҳои худкушӣ дар вилояти Суғд бештар сар задаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД