arzon replenishment
Фазилат: Муҳоҷират маро маъюб кард
20.04.2023
ОИЛА
555
Фазилат: Муҳоҷират маро маъюб кард

Фазилат ҳамагӣ 48 сол дорад, вале зиндагии пурмашаққат ва ранҷу азобҳои ғарибӣ ин занро бармаҳал пир карда, имрӯз бо асобағал базӯр роҳ мегардад.

Ба хотири хӯрондану пӯшондани ду фарзанди зиндаятимаш ин зани тоҷик муддати 13 сол дар мулки рус мардакорӣ карда, дар сохтмон баробари мардон андова шӯридаву хишту семент кашондааст. Тавре ки худи Фазилат мегӯяд, ранҷу азобҳои сангине, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ кашида, ӯро билохира маъюб гардонд...

Ин пора аз сарнавишти як зани муҳоҷири тоҷик аст, ки дар барномаи “Зан ва муҳоҷират”мавриди таҳлили коршиносон қарор гирифтааст.

-Оё ин зан ба гирифтани нафақаи маъюбӣ ҳуқуқ дорад?
-Занҳои муҳоҷири тоҷикро дар хориҷи кишвар кӣ дастгирӣ мекунад?

-Ба ғайр аз Русия занони тоҷик боз ба кадом давлатҳо ба муҳоҷирти меҳнатӣ рафта метавонанд?
-Зане, ки азми ба муҳоҷират рафтан дорад, чиро бояд бидонад?

Ба ҳамаи ин саволҳо аз барномаи навбатии “Муҳоҷирати бехатар” посух гирифта метавонед, ки ба мавзӯи “Зан ва муҳоҷират” бахшида шудааст.

нансмит

#журналист

#муҳочиратибехатар #безопаснаямиграция
#маъракаиттилоотӣ #инфокампания
#mediacamp

#mediatj #internewstj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД