Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз 17 то 20-уми сентябр дар Сирки давлатӣ Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Ҷаҳони сирк дилҳоро муттаҳид мекунад!» баргузор мегардад.
Фестивал бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон доир гашта, дар он ҳунармандон ва рассомони боистеъдод аз саросари ҷаҳон ширкат меварзанд.
Ҳадафи баргузории фестивал таблиғи санъати сирк, мусоидат ба мубодилаи таҷриба байни мутахассисон ва тақвияти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ мебошад.