Arzon april 2022
ФОИЗҲОИ ҚАРЗИИ КОҲИШЁФТА ТО 14%-И СОЛОНА ВА “АВТОҚАРЗ” БЕ ПЕШПАРДОХТ!
09.08.2022
ОИЛА
2293

 

Бахшида ба 14-умин солгарди таъсисёбӣ, Спитамен Бонк оғози иқдоми навро эълон менамояд, ки дар доираи он ҳама қарзҳо бо доллари ИМА бо 14%-и солона, бо сомонӣ аз 20 то 24% солона ва бо Евро 10% ташкил медиҳанд.

Таътили деринтизор, таъмир ё хариди хона – новобаста аз ҳадафҳо шумо метавонед бо фоизҳои дастрас барои дилхоҳ мақсад қарз гиред. Имконияти олӣ барои амалӣ гардонидани орзуҳо! 
 
Ғайр аз ин, бонк якчанд иқдоми дигарро барои мизоҷон ба роҳ мондааст, ки якеаш ба дӯстдорони автомобилҳо писанд меояд. Пардохти аввалин аз рӯи маҳсулоти “Автоқарз” ба 0% баробар шуд (ба ҷойи 30%)! 
 
Хушхабарҳо аз ҷониби бонк бо ин ба итмом нарасидаанд. Акнун, кортҳои байналмиллалии пардохтии UnionPay Gold ва VISA Classic-ро дар яке аз 65 нуқтаи хизматрасонии бонк комилан ройгон дастрас кардан мумкин аст. Бояд гуфт, ки истифодабарии ин кортҳо низ то 5 сол ройгон мебошад.

Қайд кардан лозим аст, ки бо фоизҳои дастрас мизоҷон метавонанд қарзҳои аз дигар ташкилотҳо гирифтаро низ бозтамвил (рефинансирование) кунанд.
Масъалан, шумо аз як ташкилот бо 32%-и солона ва аз ташкилоти дуюм бо 30%-и солона қарз доред. Спитамен Бонк ин қарзҳои шуморо пардохт менамояд ва бо Шумо шартномаи нав бо 22%- и солона мебандад. Фарқият 10-12%! Ҳам фоиз ва ҳам маблағи пардохти моҳона камтар.
 
Рӯйхати васеи маҳсулотҳои қарзӣ ва дигар маҳсулотҳоро дар сомонаи расмӣ https://www.spitamenbank.tj/credit/ ва ё бо рақами телефони маркази зангҳо: 6565 пайдо кардан мумкин аст. 
 
Моҳи июли соли 2008 Спитамен Бонк фаъолияти худро ҳамчун ТАҚХ «Спитамен Капитал» оғоз намуда, дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун муассисаи молиявии боэътимод обрӯ пайдо кард ва аллакай соли 2014 аз Бонки миллии Тоҷикистон барои фаъолияти бонкӣ иҷозатнома гирифт. 
 
ҶСП «Спитамен Бонк» тайи 14 соли фаъолияташро дар бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизоҷон муносибатҳои боэътимод барқарор кард ва ба манфиати аҳолӣ рушд намуда, кӯшиш мекунад, ки рӯз то рӯз беҳтар гардад. Доираи хизматрасонӣ ва имкониятҳоро афзун намуда, ба некӯаҳволиву пешравии ҷамъият ҳисса мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД