sebiston july new
Форуми байналмилалии “Душанбе-Инвест 2023”
1463


Рӯзҳои 29-30 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-Инвест 2023” доир мегардад.

Форуми мазкур бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуда, дар он доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ иштирок менамоянд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мақсади форум - ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат мебошад.

Бояд гуфт, ки Форум 9 самтро фаро гирифта, дар он масъалаҳои марбут ба пайдо намудани имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт, тандурустӣ, молия ва содирот баррасӣ мегарданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки баргузории Форуми “Душанбе-Инвест 2023” ба соҳибкорон барои ҷалби сармоягузорони нав ва дарёфти шарикони тиҷоратӣ кӯмак мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД