Дар даври аввали мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Тими миллии футболбозони навраси то 16-солаи Тоҷикистон Тими Туркманистонро бо натиҷаи калони 5 бар 1 шикаст доданд.
Мусобиқаи CAFA бо иштироки 5 дастаи наврасони футболбоз аз кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҷараён дорад. Футболбозони тоҷик рӯзи 6-уми апрел бо тими Туркманистон рақобат намуда, ҳарифонашонро бо ҳисоби калон мағлуб намуданд.
Тими наврасони Қирғизистон ҳамсолони афғонистонии худро бо ҳисоби 2:1 шикаст додаанд. Дар даври навбатӣ рӯзи 9-уми апрел наврасони тоҷик бо тими Қирғизистон рақобат хоҳанд кард.