arzon replenishment
Футболисти тоҷик дар Русия шаурмафуруш шуд, вале...
894

 

Як футболисти ҷавони тоҷик бо сабаби душвориҳои зиндагӣ рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварда, айни ҳол дар Русия бо шаурмафурӯшиӣ машғул аст. Дар ин бора komandatj дар Инстаграм хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, Аминҷон Алиаҳмадов, қаблан дар ҳайъати дастаи “Равшан”-и Кӯлоб футболбозӣ мекард ва яке аз бозингарони хеле муваффақи ин гурӯҳ ба шумор мерафт. Соли 2021 Аминҷон Алиаҳмадов “Беҳтарин футболбози ҷавони мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон” дониста шуд ва устодони варзиш аз ин ҷавони чусту чолоку серғайрат умедҳои зиёде доштанд, аммо душвориҳои зиндагӣ Аминҷонро маҷбур намуданд, ки рӯ ба муҳоҷират оварад. Айни замон Аминҷон Алиаҳмадов дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад ва дар шаҳри Киржач бо шаурмафурӯшӣ машғул аст, вале аз футбл дил накарда, дар вақтҳои холигиаш ҳамроҳи дӯстонаш ба футболбозӣ меравад.

Маҳорати хуби футболбозии ин ҷавони тоҷик аз назари онҳое, ки ба нозукиҳои футбол хуб сарфаҳм мераванд, дур намонда, намояндагони тими футболи Ротор Киржач Аминҷон Алиаҳмадовро барои санҷиш ба бозӣ даъват кардаанд. Аминҷон дар бозиии нахустини санҷишӣ якбора 4 гол зада, мураббиёни ин дастаро қоил кард ва ӯро ба ин даста даъват намуданд. Худи Аминҷон Алиаҳмадов гуфтааст, ки шояд рӯзҳои наздик бо ин даста расман шартнома баста, минбаъд дар ҳайъати Ротор Киржач бозӣ кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД