arzon replenishment
Футзалбозони тоҷик тими Куриёро мағлуб карданд
322

 

Дар бозии аввали мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2024” дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағбул намуд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки бозӣ рӯзи 18-уми апрел дар маҷмааи варзишии «Бангкок Арена» баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров заданд.

Чемпионати “Ҷоми Осиё-2024”аз 17 то 28-уми апрел дар Тайланд баргузор гашта, тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» рӯзи 20-уми апрел бо дастаи Қирғизистон ва 22-юми апрел бо Ҷопон қувваозмоӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД