sebiston july new
Гаравгонони хиёнат (қисми 7)
1659

Давомаш...

–Хайр чӣ илоҷ, ӯро бо худ гир. Агар дидӣ, ки роҳ воқеан вазнин асту имконияти бурдани ӯ вуҷуд надорад ӯро ба хонаи дугонаи ман Соҷида дар Хушёрӣ монда, ба роҳат идома деҳ.

Мавҷигул дар дил мегуфт, ки чанд вақт дар ин ҷо набудани Дамир  хубтар аст. Ӯ ҳатто нақша кашид, ки Мансурро бо баҳонаи ишқбозӣ ба ягон ҷо даъват карда, ба ӯ дору медиҳад. Ӯ ҳатто аз маҳбас шудан ҳам наметарсид. Ягона чизе ки ӯ метарсид, фош шудани асрори оилавии ӯ буд. Бо ҳамин ниятҳо ӯ падару писарро то берун гусел кард ва Дамирро аз нав ба оғӯш кашида, бӯсакунон хайрухуш кард.

Далеру Дамир ба роҳ баромаданд. Нақлиёт то дидбонгоҳи Майхӯра ҳаракат мекарду халос. Бо душворӣ бошад ҳам таксии киронамудаи онҳо то Майхӯра омад. Вале маълум шуд, ки он тараф роҳ нест. Онҳое, ки ба ҷаноза ё ба ба ягон кори таъҷилии дигар мешитофтанд, пиёда роҳро идома медоданд, дигарон бозпас мегаштанд. Далер Дамирро бозпас ба Душанбе фиристода, худ ба роҳаш идома доданӣ шуд, ки Дамир боз ҳам пойфишорӣ карда, илтиҷо кард, ки ӯро низ бо худ барад.

Далер ноилоҷ ҳамроҳи Дамир чун даҳҳо мусофирони дигар ба роҳашон пиёда идома доданд.

 Барф беист меборид. Атрофро тумани ғафс печонида гирифта буду шамол барфро ба ҳарсӯ пош медод. Ҳатто дидани пеши по ғайриимкон буд. Онҳо бо хеле душворӣ роҳ мерафтанд. Нохост аз пеш тармае канда шуда, қариб зери тарма монда буданд.

Вале бо душворӣ худро ба ақиб гирифтанд. Онҳо бозпас гаштанӣ буданд, ки тармаи дигар аз пушт нишеб шуд. Ҷуз интизор шудан чораи дигар набуд. Қариб як соат ҳама ба хунукиву сармо тоб оварда интизор шуданд. Ҳавои сард дасту пои Дамирро меларзонд. Чун тарма ором шуд онҳо аз болои он гузашта, ба роҳи худ идома доданд.

Соатҳои 11–и шаб ба нақби Истиқлол наздик шуданд. Мошинҳои зиёде дар даруни нақб ҷамъ омада буданд.

Далер ронандаеро илтимос карда, ҳамроҳи Дамир ба кабинаи Камази ӯ даромаданд, то каме гарм шаванд.  Баъд аз нӯшидани чои гарм ва хӯрдани нон Дамирро хоб бурд. Далер зарур донист каме интизор шавад. «Ба ҳар навъ аз ағба гузаштем, иншооллоҳ он тарафаш осонтар аст»– гуфта, худ ҳам дароз кашид. Вале онҳоро як ағбаи дигар интизор буд. Ронандаҳо гуфтанд, ки роҳи ағбаи Шаҳристон кушода бошад ҳам, хеле вазнин аст.

Субҳи барвақт баъд аз гузаштан аз нақб Далер ҳамроҳи ду мусофири дигар таксиеро киро карда, ба роҳи худ идома доданд. Ағбаи Шаҳристон кушода буд. Мошин аз ағба гузашта ба самти ноҳияи Шаҳристон ҳаракат мекард. Нохост тармае омада, пеши мошинро маҳкам кард ва ҳатто нисфи мошин низ зери тарма монд.

Далеру ҳамраҳонаш зуд аз мошин фаромада ба самти қафо давиданд. Тармаи дигаре омаду ҳамаи мусофиронро пҳш кард. Далер аз тармаи якум раҳоӣ ёфта дар ҷустуҷӯи Дамир шуд. Он гоҳ тармаи дигаре омаду ӯро аз нав пҳш кард.

 

Далер дар шифохонаи ноҳияи Истаравшан ба ҳуш омад. Ҳарду пояш дар гипс буданд. Гарданаш низ баста буду имкони ҷумбидан надошт.

Ӯ ба ҳуш омадан замон пурсид:

–Писари ман дар куҷост? Ӯ чӣ ҳол дорад?

Табибе ки ӯро навбатдорӣ мекард гуфт:

–Худро ба даст гир. Дар ағбаи Шаҳристон наҷотдиҳандагон танҳо туро зинда ёфтанд. Муттаассифона дигар ҳама мурда буданд. Дар зери тарма 6 ҷасад берун оварданд. Дар он ҷо як тифли тҳминан 7–8 сола ҳам буд. Аммо ӯро ҳанӯз касе нашинохтааст ва дар сардхонаи шаҳри Истаравшан нигоҳ дошта шудааст.

Далер «вой писарҷонам» – гӯён аз нав беҳуш шуд.
Табибон ба ӯ сӯзандоруи таскинбҳш гузаронида, аз нав ба ҳуш оварданд.

 Далер ба воситаи табиб ба амакаш занг зада, ӯро ба Истаравшан даъват кард. Бинобар он ки ӯро ҳарду пой шикаста буду имкони ҳаракат кардан надошт, амакашро барои дидани ҷасад фиристод. Амакашро фиристоду дар дил умед мекард, ки шояд ин ҷасади каси дигар бошад. Шояд Дамири ӯ зинда бошад.

Баъди чанде амакаш ба Далер гуфт:

–Худро ба даст гир Далерҷон, аз тақдир ҷои гурез нест. Мутаассифона Дамири мо вафот кардааст.

Дунё ба назари Далер торик шуд. Ӯ сарашро ба болин монда, мегиристу мегирист.

 

***

Мавҷигул баъд аз гусели Далеру Дамир корҳои хонаро ба анҷом расонида, каме ба сайр баромад, то лаҳзае дар ҳавои сарди Душанбе нафас кашида, нақшаи чӣ гуна бо Мансур вохӯрдан ва аз байн бардоштани ӯро тарҳрезӣ кунад. Фикрҳои гуногун ӯро азоб медоданд. Агар мабодо нақшаи ӯ амалӣ нашаваду ба даст афтад ҳатман пушти панҷара меравад ва асрори аз Мансур будани фарзанди ягонааш фош мешавад. Агар нақша бомуваффақият анҷом ёбад, оилаи онҳо наҷот ёфта, асрори хиёнатҳои ӯ пинҳон мемонад.

Ӯ чунон ҷиддӣ аз пайи нест кардани Мансур шуда буд, ки ҳатто аз боздошт шудани худ тарс надошт, худ ба худ мегуфт: «Агар ба даст ҳам афтам боке нест. Факат коре бояд кунам, ки баъди кушта шудани Мансур дастгир шавам. Он гоҳ ба маҳбас равам ҳам, асрори худро ҳифз карда метавонам. Дар суд баҳона мекунам, ки ӯ ба номуси ман таҷовуз карданӣ шуд, худро ҳимоя намуда, ӯро ба қатл расонидам».

Зер  ҷуз Мансур дигар касе аз ин асрор хабар надошт. Шоҳиди дуюм, модари ӯ буд, ки баъди як соли марги падараш дунёро тарк гуфта буд.

 Мавҷигул баъд аз он ки ба дуртар рафтани Далеру Дамир пурра бовар ҳосил кард, фурсатро аз даст надода, ба Мансур занг зад:

– Салом ишқи нҳустинам. Ман падару писарро ба дидорбинии хушдоман гусел кардам. Онҳо як ҳафта дар он ҷо мемонанд. Агар хушдоман вафот кунад, камаш як моҳ то ба итмом расидани фотиҳаи модараш Далер маҷбур аст ба Душанбе барнагардад. Хеле зиқам. Мехоҳам як ҳафтаро бо ту хуш гузаронам. Маро ба хона таклиф намекунӣ?

Мансур гуфт:

– Ростӣ аз ин таклифат дар ҳайратам. Хеле вақт шуд аз ман мегурехтӣ. Ба ту чӣ шуд? Чи шуд ки якбора ёди ман кардӣ ва ба ман боз меҳр пайдо кардӣ?

 Мавҷигул гуфт:

– Меҳру муҳаббат ҷои худро дорад, вале оила оила аст. Ба хотори оила муҳаббатро қурбон кардам, вале эҳсос мекунам, ки ҳанӯз дӯстат медорам ва мехоҳам чанд лаҳза бо ҳам бошем.

Мансур гуфт:

– Бигзор гуфти ту шавад. Ман ҳам туро ёд кардам ва оғӯшатро пазмон шудам. Тайёр шав, бегоҳ баъди кор аз назди хона мегирамат. Хонаи ман ҳам холӣ аст. Туро ба хона таклиф мекунам. Мо метавонем имшабро дар хонаи ман гузаронем ё агар хоҳӣ дар киматтарин меҳмонхонаи шаҳр ҷой фармоиш медиҳам.

Мавҷигул гуфт:

–Ҳоҷат ба меҳмонхона нест. Бегоҳ дар ягон тарабхона каме мешинему ба хонаат меравем. Шароити хонаат аз меҳмонхонаҳо хубтар аст. Фақат як хоҳиш. Дар ин вохӯри дар бораи фарзандат даъво намекунӣ.

Мансур гуфт:

– Бигзор гуфти ту шавад. Бегоҳ занги маро интизор шав.

Мавҷигул «хуб» гӯён гӯшакро монду худ ба худ гуфт: «Ё ҳамин шаб, ё ҳеҷ гоҳ»... 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД