Саёҳат бо гиря ба пойҳои Аҳмад афтод ва гуфт, ки маро бубахш, шайтон маро гумроҳ кард, барои кӯдакон маро бубахш...
Аҳмад бо як ҳаракат пойҳояшро кашида гирифт ва гуфт, ки номи кӯдакони маро бо он забони палидат нагир, ту барои онҳо дигар мурдаӣ, бирав ба назди ҳамон касе, ки дар ғайби ман туро хушбахт мекард.
Саёҳат аз ҳавлӣ баромад ва садои гиряи ӯ дар кӯча паҳн шуд. Аҳмад ба замин нишаст ва ба деворҳои хонааш такя кард. Ӯ дигар гиря намекард. Чашмонаш хушк шуда буданд. Ӯ фаҳмид, ки хастагии рӯҳӣ ҳеҷ гоҳ табобат намешавад.
Модараш наздаш омад ва гуфт, ки бачам, зиқ нашав, зан ёфт мешавад.
Аҳмад ба модараш нигарист ва бо табассуми талх гуфт, ки очаҷон, зан ёфт мешавад, вале он Аҳмади соддаву боваркунанда дигар ҳеҷ гоҳ ёфт намешавад.
Аҳмад вақте ба остонаи ҳавлӣ қадам гузошт, нахуст назараш ба ду духтарчааш афтод, ки дар кунҷи айвон мисли ду мурғи паршикаста ба ҳам часпида буданд. Нигоҳи онҳо дигар он нигоҳи кӯдаконаи шӯх набуд, дар чашмони хурдакакашон тарсу ҳайрат ва як навъ пирии бармаҳал ҷой гирифта буд.
Духтарчаи хурдӣ бо садои баланд ба гиря даромад. Ӯ сарашро ба китфи падар гузошта, пичиррос мезад, ки дадаҷон, дигар моро напарто, мо метарсем, он марди бад боз меояд.
Аҳмад духтаронашро сахт ба бағал гирифт ва сурати онҳоро бо меҳр бӯсид. Ашкҳои ӯ ба мӯйҳои духтаронаш мерехтанд ва ӯ бо овози ларзон мегуфт, ки натарсед, ҷони дада, ман омадам, дигар ҳеҷ кас ҷуръат намекунад ба ин хона қадами нопок гузорад, ман ҳамеша бо шумо мемонам.
Духтари калониаш, ки хомӯшона мегирист, ба чашмони падар нигоҳ карда пурсид, ки дада, очаам куҷо рафт, чаро ҳама ӯро ҳақорат мекарданд?
Аҳмад лаҳзае хомӯш монд ва баъд бо дастҳои ларзонаш ашки духтарашро пок карда, гуфт, ки азизи падар, очаат ба як сафари дур рафт, ки дигар бозгашт надорад, акнун ман ҳам падар ва ҳам модари шумо мешавам, мо бо ҳам хонаи наве месозем, ки дар он танҳо хандаву вафо бошад.
Шаб, вақте ки духтарчаҳо дар ду паҳлуи ӯ хоб рафтанд, Аҳмад ба чеҳраҳои маъсуми онҳо нигоҳ карда, савганд ёд кард, ки тамоми умрашро барои хушбахтии ин ду гул сарф мекунад, то онҳо дарди хиёнати модарро фаромӯш кунанд. Дарк кард, ки бузургтарин қасоси ӯ аз он зани бевафо на куштан аст ва на латукӯб, балки тарбия кардани ду духтари боиффату баномус аст, ки баръакси модарашон бошанд.
Аҳмад ба саҳни ҳавлӣ баромад ва ба деворҳои нотамоми хонааш нигоҳ кард. Ӯ дарк кард, ки ин хона дигар ҳеҷ гоҳ гармӣ нахоҳад дошт. Ӯ ба утоқи кӯдаконаш даромад ва онҳоро дид, ки дар хоб буданд ва намедонистанд, ки дунёи падарашон чӣ гуна вайрон шудааст. Ӯ дар канори кати онҳо нишаст ва бори аввал бо овози баланд гирист. Гиряи марде, ки на аз хастагӣ, балки аз хиёнати касе мегирист, ки тамоми зиндагиашро барояш бахшида буд.
Ӯ фаҳмид, ки хиёнат танҳо ҷисмро намекушад, балки имонро ба одамизод аз байн мебарад.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН