toyota motors
Голи Қаҳоров ғалабаи Тоҷикистонро муқобили Туркманистон таъмин кард
14.05.2026
Oila.tj
53

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро бо пирӯзӣ бар дастаи Туркманистон оғоз кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи тими то 20-солаи Тоҷикистон анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 60-уми бозӣ Дияргулюч Уразов ба фоидаи Туркманистон боз кард. Дар дақиқаи 84-уми бозӣ аз зарбаи пеналтӣ Аҳмадҷон Шоев ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 90+7-уми бозӣ нимҳимоятгари дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор Мусо Қаҳоров голи зебо ба самар расонида, ғалабаи тими мунтахаби Тоҷикистонро таъмин намуд ва беҳтарин бозигари ин бозӣ дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври сеюм Тоҷикистон бо Афғонистон рӯзи 15-уми май бозӣ мекунад. Дар ҳамин рӯз Туркманистон бо Қирғизистон вомехӯрад. Бозиҳо дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода доир мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД