arzon replenishment
Гӯш кардани РЭП гуноҳ аст?
583

 

Гӯш кардани мусиқиҳои замонавӣ, аз ҷумла рэпро дӯст медорам. Дӯстонам мегӯянд, ки гӯш кардани чунин мусиқиҳо ба одами мусалмон раво нест. Оё гӯш кардани рэп аз нигоҳи дини мубини ислом гуноҳ аст?

РАСУЛ, шаҳри Бохтар

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Бародари азиз, дар мавриди мусиқӣ дар шариати ислом ихтилоф зиёд аст. Вале мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ онро рад намекунад. Вале бояд донист, ки гӯш кардани мусиқӣ ва сурудҳое, ки маънои тарбиявӣ надоранд, ҷоиз нест. Инсон бояд сурудҳоеро гӯш кунад, ки дар он зикри Худованд ва моҳияти тарбиявӣ бошад. Аз назари дини мубини ислом, мусиқие, ки одамро ба ваҷд меораду беқарор мекунад, гӯш карданаш мамнуъ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД