sebiston july new
Гӯшт қиммату орд арзон шудааст
1214

 

Дар нимсолаи аввали соли равон нархи гӯшти гов 4,3%, картошка 28,6%, биринҷ 43% ва шакар 23,5% баланд гардид. Дар ин бора Солеҳбой Ашӯрзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Қайд гардид, ки дар ин баробар, нархи орди 1-ум 17%, равған 22,9%, помидор 71,6%, бодиринг 57,4%, тухм 21,2% ва шир 1,9% арзон шудааст.

Ҳамзамон, новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, аз ҷумла таҳримҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ки вазъи иқтисоди ҷаҳонро нисбатан ноустувор ва душвор гардонидаанд, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар мамлакат то 8,3 фоиз ё 54,2 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Таъкид шуд, ки баландшавии нархи маҳсулоти ғайриозуқаворӣ бештар аз ҳисоби болоравии нархи бензин 16,4 фоиз, доруворӣ 8,4 фоиз, масолеҳи сохтмонӣ 4,5 фоиз ва маводи шустушӯйӣ 3,2 фоиз ба амал омадааст. Инчунин, дар ин давра нархи гази моеъ 26,3 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 12,9 фоиз коҳиш ёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД