sebiston july new
Гулдаста ба ҷойи ҳазор сухан
640

Дар рӯзи зодрӯз, тӯй, хурсандӣ, модарон ва дигар ҷашнҳо ба занҳо гул туҳфа мекунанд. Бале, маҳз гул. Чанд хонандаи мо пурсид, ки чаро ба занҳо гулдаста тӯҳфа кардан лозим?

Албатта, ба ин савол ҷавоби аниқ аст: чун гулдаста зебост ва занҳо чизҳои зеборо дӯст медоранд. Ин ба он маъност, ки ҷинси латиф лоиқи меҳрубонӣ ва нигоҳубини хос аст мисли гул.

Гул ягона ва беҳтарин туҳфа барои ҳам гуна иду хушрӯзиҳо мебошад. Гулдастаро дар зодрӯз, солгард, ид, 8 март, 14 феврал ва дигар рӯзҳои хоси зиндагӣ метавон тӯҳфа намуд. Вале, бесабаб ва бе ягон хотир ба ҳамсар гулдаста тӯҳфа кардан таъби ӯро ниҳоят болида мегардонад, ки василаи беҳтар гаштани муносибат дар оиладорӣ мегардад.

Дар бораи туҳфа кардани гул ба зан суханҳои зиёдеро таърих пеши рӯ меорад. Аз аввал ҳам мувофиқи аҳодиси диннӣ гуфта мешавад, ки Ҳазрати Одам ва Момоҳаво дар биҳишт миёни гулзор зиндагӣ мекардаанд. Вале чаро маҳз гулро ба зан туҳфа кардан мӯд шудааст сабабҳои гуногун дорад, ки 10 тоашро мо ҷамъоварӣ намудем.

1. Гулдаста ба ҷойи ҳазор сухан. Яъне, аз чанд гул омода намудани як гулдаста ва бо як самимияти хос онро ба зан туҳфа кардан ибрози меҳру муҳаббатро хубтар, фаҳмо ва осонтар менамояд. Масалан, дастагули аз садбарг тайёршуда маънои муҳаббати беандозаро нишон медиҳад. Савсан бошад, меҳрубонӣ ва ба як нафари дигар шахси хос буданро нишон медиҳад. Ибрози эҳсосоти амиқ ба як нафар бисёр душвор аст ва на ҳар нафар тавони гуфтани онро дорад. Гул дар ин маврид кӯмак мекунад.
2. Бӯйи хуши гулдаста табъи бонуи хастадилро баланд мебардорад. Агар хоҳед табъи ҳамсаратоно ва ё умуман занеро, ки бароятон муҳим аст болида намоеду рӯҳбаланд созед, туҳфа намудани гулдаста айни муддаост.
3. Ид ва ё чорабинӣ бе дастагул зеб надорад. Махсусан, агар маъракаи хурсандӣ бошад, гулдаста ҳамсафари ид буданаш лозим аст.
4. Барои узр пурсидан гулдаста воситаи муҳим аст. Ҳангоми хафа шудани зан аз шумо ва ё модару хоҳар метавон барои ибрози пушаймонии худ ва узр пурсидан гулдастаи маҳбуби дилатонро хиридорӣ намуда, ба ӯ пешкаш намоед. Ин кор аниқ хафагиро аз дили ӯ дур месозад.
5. Мардҳое, ки ба ҳамсарашон гул туҳфа менамоянд, ба чашми ӯ ҷазобтару дилкаштар менамоянд. Ин барои муносибати ошиқона қадами муҳим аст. Бонуеро, ки ҳар вақт бе ягон сабаб аз маҳбубааш дастаи гул дарёфт мекунад, дилаш мисли мумиё нарм мешавад.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД