arzon replenishment
Гули рӯи қабр Қисми 1
1531

Марги модар

Як рӯзи боронии фасли баҳор холаи Рӯзигул аз олам чашм пӯшид, мардуми маҳалла ҳама аз марги ин зани нозанину меҳнатӣ ғамгин буданду бо ашки шашқатор ба сӯи хонаи ӯ шитоб доштанд. Фарзандон ҳама бо фиғон нола мекарданд, охир модарашон барои онҳо ҳам падар буду ҳам модар…

Рӯзигул духтари ягонаи волидайн буд, падару модараш ба хотири бегона нашудани ҷоҳу ҷалолашон як хешашонро хонадомод карданд. Ҳарчанд духтарак пофишорӣ кард, ки ба он ҷавон намерасад, аммо меҳри падару модар зӯр баромад. Касе сабаби норизогии духтаракро намедонист, вале ҳамсараш Алиро дӯст ҳам надорад, эҳтиромашро ба ҷо меовард. Алӣ ҳамсари соҳибҷамолашро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошту намегузошт, ки дасташро ба оби хунук занад. Ӯ мошини боркаш дошт, вале лаҳзаҳои фориғ аз кор худашро пурра ба кори хона мебахшид. Хусуру хушдоман ӯро аз писарашон кам намедонистанд ва оҳиста-оҳиста баъд аз тавлиди кӯдаконаш шавҳарашро дӯст дошт. Диловару Дилписанд, Дилафрӯзу Дилрабо ба зиндагии падару модар рангу нумӯи дигар ворид карданд. Аммо ба бахти баланди онҳо чашми бад расид, Алӣ дар садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расиду ҳамсари ҷавонашро танҳо, хусуру хушдоманашро беписар, фарзандонашро ятим сохт. Падару модари Алӣ келинашонро яккадухтари бехосияту қудоҳояшонро касофат номида, дили бе ин ҳам хуни онҳоро хунтар карданд ва ба пуррагӣ аз ин хонавода буриданд.

                           Мушкилоти зиндагӣ

Рӯзигул ҳунари зардӯзӣ дошт ва бо ҳамин ҳунар пораи нони фарзандонашро меёфт ва падару модари пирашро нигоҳубин мекард. Фарзандонаш калон шуданд, писаронаш Диловару Дилписанд ба донишгоҳ дохил шуданд, духтаронаш бошанд пайи касби модар рафтанд. Онҳо дар хонаашон дӯконе кушода, ба зардӯзӣ машғул шуданд, чун духтарони боодобу хушахлоқ буданд, хостгорони зиёде доштанд.

Рӯзигул интихоби ҳамсарро ба духтаронаш гузошт, зеро медонист, ки духтарони ӯ ҳаргиз ба инсони баде хонадор намешаванд. Домодҳояш аз гирду атроф буданд ва ҳарду духтарашро дар як моҳ ба шавҳар доду армон шикаст. Писаронаш ҳам донишгоҳро хатм карданду пайи кор шуданд, ҳар гоҳе сухан дар бораи хонадоршавӣ мерафт, онҳо ба як овоз мегуфтанд, ки то хонаву дари хуб насозанду соҳиби пулу мол нашаванд, зан намегиранд. Рӯзигул аз ин ҳарфи писаронаш хафа мешуд, зеро хонаву дари ӯ аз хонаву дари ягон одами мани ман мегуфтагӣ камие надоштанд. Аммо хислати маҷбуркунӣ надошт ва писаронашро ба ҳоли худашон монд. Худованд ӯро барои сабрҳояш ба тамоми орзуҳояш расонид.

                         Писарони баномус

Диловару Дилписанд кор карданду хонаҳои бобоиро афтонида, ба ҷояшон хонаҳои замонавии дуошёна сохтанд, аввал Диловар баъд Дилписанд арӯс фароварданд. Келинҳоро модарашон хуш карда буд, яке муаллима ва дуввумӣ духтур буд. Зиндагии шоҳонае доштанд аҳли ин хонаводаи орому осоишта, баъди фарзанддор шудан барои Дилписанд хона хариданду рӯзғорашро ҷудо карданд. Акнун Рӯзигул дар зери сояи давлати писарон зиндагии осоиштае дошта бошад ҳам, дар дӯконаш духтараконро ҷамъ карда, ба онҳо нозукиҳои касби зардӯзиро меомӯхт.

Баъд ба зиёрати хонаи Худо рафту номи бошарафи Ҳоҷибибиро мушарраф гашт. КелинҳояшЛатофату Гулузор хушдоманашонро зиёд дӯст медоштанду эрка мекарданд, намегузоштанд, ки зарае ошуфта бошад. Онҳо хуб медонистанд, ки ин зан дар бистушашсолагӣ бева монда, умри ҷавони худро сарфи зиндагии фарзандон намудааст.

Падару модараш, ки ҳамроҳи Рӯзигул мезистанд, бахту тахти набераҳоро дида вафот карданд ва онҳоро ба обрӯ ба хок супориданд.

Рӯзигул дуои падару модари шавҳарашро ҳам гирифт, аммо беҳуда нагуфтаанд, ки гап дар дуо ҳам нест.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД