sebiston july new
Гулнисо Маҳмудова: Писарамро куштанд, хонаамро мегиранд, додамро ба кӣ гӯям? (Видео)
6257
Гулнисо Маҳмудова: Писарамро куштанд, хонаамро мегиранд, додамро ба кӣ гӯям? (Видео)

Гулнисо Маҳмудова, модари Шӯҳрат Ғолибови ҷавонмарг, ки санаи 6-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Варзоб, дар истироҳатгоҳи “Милан” ба таври ваҳшиёна кушта шуда буд, бори дуюм аст, ки бо чашмони акшбор дари сомонаи Оиларо мекӯбад.

Ин зани ҷафокашида мегӯяд, бо сабаби дар рафти мурофиаи судӣ гуноҳи худро эътироф накардани Алиҷон Ализодаи 15-сола, ки дар куштори Шӯҳрат Ғолибов гумонбар дониста мешавад ва дархости ҳимоятгарони ӯ баррасии парвандаи ҷиноӣ ба таъхир гузошта шудааст.
Ин модари ҷигарсӯхта мегӯяд, бо мақсади рушди тиҷорати худ манзили зисташонро ба гарав гузошта, аз бонк пули калон қарз гирифта буданд. Кори Шӯҳрат дар Варзоб хуб буд ва маблағи бонкро ҳар моҳ сари вақт месупурд. Пас аз он ки писарашро дар ҷойи кораш бераҳмона бо табар зада куштанд, модар аз дарду ғам ба касалии дил гирифтор шудааст ва бояд фавран ҷирроҳӣ шавад. Болои сӯхта намакоб гуфагӣ барин, бонк ба онҳо муҳлат додааст ва агар дар вақти таъиншуда маблағро насупоранд, хонаро кашида мегирад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД