Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов, ки гумонбарони асосии амали террористӣ дар толори консертии “Крокус-Сити Холл” ба ҳисоб мерафтанд, аз ҷониби додгоҳи низомии Маскав ба ҳабси абад маҳкум карда шуданд.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, 11 гумонбари дигар низ ба ҳукми абад маҳкум шуда, 4 нафар ба муҳлати аз 19 то 22 сол равонаи зиндон гаштаанд.
Мурофиаи додгоҳии гумонбарони ҳамла ба “Крокус” идома дорад.