formula
Гурдофариди тоҷик 79 сола шуд!
1108

Гурдофариди тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, бонуи шуҷоу боистеъдод, Сайрам Исоева, ирмӯз ба сини 79 солагӣ расид.
Ӯ хоҳари ҳунарпеша Марям Исоева мебошад, ки ҳарду дар соҳаи театр нақши бориз доранд. Аввалн бор дар нақши холаи Озода, аз рӯи намоишномаи «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода нақш офаридааст. Дар давоми солҳои фаъолияташ садҳо нақшро дар пиесаҳои театрӣ офаридааст.
Бо киностудияҳои «Тоҷикфилм “ва «Узбекфилм» ҳамкорӣ намуда, чандин нақшҳо, аз қабили Гулнор «Духтари сеюм»-и Анвар Тураев, (1969), Гурдофарид «Рустам ва Суҳроб» (коргардон Борис Кимёгаров, 1971), Зумрад «Сирри оила» (коргардон Валерий Аҳадов, 1983), Малика «Агар дӯст дори» (коргардон А.Қуддусов), Малика «Кӯи сафед» (коргардон А.Ҳамроев), Нодира «Танҳо миёни мардум» (коргардон Комил Ёрматов) Майсара «Саргузашти Майсара» «Рӯзҳои гузашта» дар «Узбекфилм» нақшҳои ҷолиб офаридааст.
Сайрам Исоева дар қатори устодони бузурги синамои ҷаҳонӣ аз қабили Раҷ Капур (Ҳиндустон), Никита Михалков (Россия), Нурӣ Билге Ҷейлан (Туркиё) ва Айтурган Темирова (Қирғизистон) ҳамчун яке аз устоди соҳаи синамо эътироф гашта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Ҷоизаи махсуси ҷашнвора, 20000 доллар ва ангораи тиллоӣ қадрдонӣ карда шуд.
Кормандони сомонаи “Оила ТҶ” ба ин муносибат ин бонуи далеру саҳназеби тоҷикро самимона табрик гуфта, барояш қуллаҳои аз ин ҳам баланди ҳунарро орзу доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД