Аланга задани оташи ҷанги хонумонсӯз дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, қатлу кушторҳои пай дар пай, таҳдиду зӯроварӣ ба хотири ақидаҳои динию сиёсӣ ва дигар хатарҳои ҷнӣ одамонро ҷамбур месозанд, ки тарки Ватан ва хонаву хонумони худ намуда, рӯ ба мамолики дигар оваранд.
Дар Тоҷикистони мо низ теъдоди зиёди гурезагон умр ба сар мебаранд, ки аксарияташон аз кишвари ҳамсояамон Афғонистон мебошанд. Албатта аз Ватан дур будан худ як дарди хеле бузург аст ва табиист, ки вақте инсон арки диёри аҷддии худ менамояд, бо як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегардад. Барномаи навбатии мо ба мавзуи мушкилти муҳоҷирни иҷборӣ ё гурезаҳоест, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.
Барнома дар доираи лоиҳаи “Ковид ва ҷамъият” б дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шуда, дар он намояндагони ташкилотҳое ширкат меварзанд, ки бо масоили гурезагон сару кор доранд. Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст. Масъулияти мӯҳтавои он ба зиммаи сомонаи "oila.tj" вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.