formula
ИФТИХОР БА ҶАРРОҲИИ ФАВРӢ НИЁЗ ДОРАД!
2057
ИФТИХОР БА ҶАРРОҲИИ ФАВРӢ НИЁЗ ДОРАД!

Замоне ин ҷавони зебову ҳунарманд гули сари сабади маҳфилҳо буд, аммо мушкилоти зиндагӣ ӯро маҷбур сохт, ки тарки сарояндагӣ намуда, рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварад. Ифтихор мехост дар Русия кор карда, орзуҳои наҷиби дилашро амалӣ гардонад, аммо кораш омад накарда, ба садамаи фалокатбор дучор шуд ва аз пойи равон маҳрум гашт.

Инак, муддати се сол мешавад, ки ин ҷавони боҳуш ба бистари беморӣ мехкӯб аст. Биёед сарнавишти талхи ин санъаткори бо амри тақдир хору зор гаштаро аз забони худаш бишнавем. Ифтихор соҳиби ду писарчаи дӯстрӯяк аст ва аз ҳама бештар ин ду кӯдаки маъсум аз бемории падарашон азият мекашанд. Ба бистари беморӣ мехкӯб гаштани падар ин ду писарчаи шӯху бебокро дар зиндагӣ дилшикаста ва маъюс сохтааст. Бинёмин ва Ансор дилҳои кӯчак дошта бошанд ҳам, азоби падари беморашонро хеле хуб эҳсос мекунанд. Фарзандони Ифтихор орзу доранд, ки падарашон ҳарчи зудтар шифо ёфта ба по бархезад ва мисли пештара онҳоро ба сайру тамошо барад... Дар баробари наздикони Ифтихор, инчунин, ёру дӯстонаш низ аз бемор шудани ин ҷавони зиндадил сахт малӯл ва андӯҳгин ҳастанд. Дӯстону ҳампешагонаш омодаанд, ки ба қадри тавон ва имкнияти худ дар табобати Ифтихр саҳм гузоранд, вале барои ҷарроҳии ин ҷавони ҳунарманд маблағи калон лозим аст. Ифтихор табиатан ҷавони раҳмдил аст. Замоне, ки сиҳату саломат буду сарояндагӣ мекард, вай ҳамеша ба ятимон, беморон , маъюбон ва дигар афроди ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамуд, вале гардиши фалаки каҷрафтор имрӯз худи ӯро ба кӯмаки дигарон мӯҳтоҷ гардонидааст. Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила. ТЧ нисбати тақдири Ифтихор Раҳимов бетараф намонда, ба ин ҷавони мариз дасти ёрӣ дароз менамояд.
Нафароне, ки мехоҳанд барои табобати ин ҷавони бемор ва падари кӯдакони хурдсол кӯмаки худро расонанд, метавонанд ба рақамҳо занг зананд: (+992) 918-91-75-11 Инчунин, метавонед ба корт ва суратҳисоби бонкии Ифтихор Раҳимов пул гузаронед: 5058270011429254 (корти Аввалин бонки молиявии хурд) ва 20216972002001703001 (суратҳисоби бонкӣ)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД