Arzon april 2022
ИМКОНИЯТҲОРО ВАСЕЪ МЕНАМОЕМ: ШАБАКАИ 5G АЗ ZET-MOBILE БАРОИ КОРБАРОНИ SAMSUNG ДАСТРАС ШУД
30.09.2022
ОИЛА
135


Ширкати миллии мобилии ZET-MOBILE дар Тоҷикистон аввалин шуда аз ширкати Samsung иҷозатномаи расмӣ гирифт. Акнун шабакаи насли панҷум дастраси муштариёни ширкат аст, ки смартфонҳояшон аллакай аз ҷониби истеҳсолкунандагон дар ин технология тасдиқ карда шудаанд.

Мувофиқи иттилои ширкат, корбарони Samsung навсозиро марҳила ба марҳила мегиранд. Вақте, ки шабакаҳои 5G рушд мекунанд, Samsung нақша дорад, ки портфолиои худро аз дастгоҳҳои насли ояндаи шабакавӣ тавассути илова кардани 5G ба категорияҳои бештари дастгоҳҳо васеъ кунад.
Қобили зикр аст, ки натиҷаҳои озмоиши баландсуръат ба 1,2 Гбит / сония расид. Ин маънои онро дорад, ки суръати интиқоли маълумот нисбат ба 4G 10-100 маротиба зиёдтар аст.
Бо технологияи нав корбарон метавонанд аз суръати бефосилаи 5G ҳангоми бозӣ, тамошои филмҳо ва намоишҳои телевизионӣ бо сифати 4K лаззат баранд. Суръати баланд ба шумо имкон медиҳад, ки тамоми силсилафилмҳои дӯстдоштаи худро бо сифати баланд фавран зеркашӣ кунед.
Барои фаъол кардани хизматрасонӣ муштариён бояд танҳо ба яке аз офисҳои хидматрасонии ZET-MOBILE муроҷиат кунанд ё ба маркази тамос занг зананд.
ZET-MOBILE озмоиши мукаммали 5G-ро дар соли 2021 анҷом дод. Алоқаи насли панҷум ҳоло дар масири протоколии шаҳри Душанбе, дар наздикии Барқи тоҷик, дар маркази Хуҷанд ва ҳамчунин дар маркази шаҳри Бохтар барои корбарони Iphone, Huawei, Xiaomi ва Samsung дастрас аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД