Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе “Рӯзҳои кинои Эрон” оғоз ёфт ва то 20-уми октябр мухлисони синамо метавонанд аз тамошои филмҳои эронӣ лаззат баранд.
Чорабинӣ дар доираи Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор гашта, рӯзҳои кинои Эрон бо намоиши филми эронии «Дар оғӯши дарахт» дар кинотеатри “Наврӯз” ифтитоҳ гашт. Бино ба иттилои «Тоҷикфилм», тамошобинони тоҷик ҳамчунин имкон доранд филмҳои «Сипеҳри Эрон» ва «Қиморбоз»-ро тамошо карда, бо ҳунару маҳорати филмсозон ва ҳунармандони маъруфи эронӣ ошно шаванд.
Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо мақсади муаррифии дастовардҳои синамои тоҷик ва байналмилалӣ, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва рушди ҳамкории эҷодӣ байни синамогарони кишварҳои дӯст гузаронида мешавад.