“Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар Душанбе эълон кардааст, ки имрӯз, 23-юми декабр то соати 17:00 дар баъзе кӯчаҳои пойтахт барқ хомӯш карда мешавад.
Қатъи муваққатии интиқоли барқ дар ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаҳои Айнӣ, Назаршоев, Мастонгулов, Камола, Баҳорӣ, Восеъ, Чинорӣ, Имомов, дар ноҳияи Фирдавсӣ дар кӯчаҳои Хатлон, Қуштеппа (1-уми май), Фалакон дар назар аст.
Сабаби қатъи барқ дар ин кӯчаҳо таъмири баъзе зеристгоҳҳо гуфта мешавад.