Бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 7-уми майи соли 2024 ҳамасола 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали бошукӯҳи футбол баргузор мегардад.
Футбол яке аз намудҳои шавқовари варзиш буда, барои рушди ин намуди варзиш дар кишварамон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.
Таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат барои рушду равнақи соҳа 11 ҳазор иншооти нави варзишӣ бунёд гардидааст.
Иштироки фаъолонаи футболбозони мамлакат дар мусобиқаи Ҷоми Осиё собит сохт, ки имрӯз ҷавонони тоҷик бо дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар тамоми навъҳои варзиш сабқат намуда, Парчами Тоҷикистонро парафшон менамоянд.