Имсол арчаи солинавии Бохтар 24-метра мешавад
15.12.2025
Oila.tj
43

Дар майдони Теппаи Қӯрғони маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар арчаи солинавиро насб карда истодаанд, ки баландии он 24 метр буда, паҳноиаш 10 метрро ташкил медиҳад.

Сардори Муассисаи давлатии коммуналӣ, чароғонкунӣ ва ороиши шаҳри Бохтар Ёрмаҳмад Назарзода гуфтааст, ки арчаи солинавӣ бо дасгирии МИҲД-и шаҳри Бохтар дар майдони Теппаи Қӯрғони шаҳр бо тарзи замонавӣ ва ороишҳои хуб насб гардида истодааст. Ӯ иттилоъ додааст, ки арчаи имсола нисбати нисбати соли 2024 чор метр балантар ва паҳноиаш 2 метр зиёд мешавад.

Қайд гардидааст, ки барои бозии кӯдакон дар атрофи арча кулбаҳо ва дигар ороишот ташкил карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД