goodwell
Имсол дар Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазор гектар замини нав аз худ карда мешавад
09.07.2026
Oila.tj
81

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки соли равон 2820 гектар заминҳои навро аз худ намуда, 1119 гектарро ба гардиши кишоварзӣ ворид намояд.

Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Зафарбек Давлатзода ба хабарнигорон иттилоъ дод. Зикр гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳо корҳо барои азхудкунии 416 гектар заминҳои нав ва барқарорсозии 344 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда идома дорад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар соҳа панҷ барномаи давлатӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ин барномаҳо соли 2026 ба маблағи 497 миллиону 486 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида мешаванд.

Иброз гардид, ки аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ҳақи хизмати обрасонӣ ба маблағи 33,4 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД