1xbet
Имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ оғоз шуд
01.07.2025
Oila.tj
35

Имрӯз, 1-уми июл дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо оғоз ёфт.

Бино ба иттилои Маркази миллии тестӣ, дар ин марҳила довталабоне иштирок мекунанд, ки дар марҳилаи аввал ва асосии бақайдгирӣ номнавис шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин даври имтиҳонҳо то 9-уми июл идома хоҳад кард. Барои баргузорӣ дар 21 шаҳру ноҳия 47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ ва 2 нуқтаи эҳтиётӣ таъсис ёфтааст.

Даври дуюми имтиҳонҳо барои онҳое, ки дар марҳилаи дуюми бақайдгирӣ сабти ном шудаанд, рӯзи 13-уми июл баргузор мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД