formula
Инъикоси хабарҳо меҳвари асосии омӯзиш буд
400


"Чӣ гуна ахбори (хроникаи) судиро инъикос бояд кард". Зери ин унвон семинари омӯзишӣ миёни хабарнигорон ва намояндагон мақомоти судии кишвар, бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» доир гардид.

Дар семинари омӯзишӣ дар мавзӯъҳои "Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо", "Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷониби тренерҳо Мирзозода Хурсандмурод Роҳбари дастгоҳи Суди Олии ҶТ, Иноят Иноятов ва Парвина Ибодова ширкат доштанд.

Иноят Иноятов, адвокат ва ҳуқуқшиноси расонаӣ дар бораи ба хатокорӣ роҳ надодан дар вақти паҳн кардани хабар дар расонаҳо сухан кард. Ӯ аз ҷумла афзуд, ки рӯзноманигор набояд дар вақти пахши хабар ба саросемагӣ роҳ диҳанд. То ҳукми суд дасгиршуда ҳамчун гумонбар дар хабар инъикос шавад.

Мирзозода Хурсандмурод Роҳбари дастгоҳи Суди Олии ҶТ низ дар ин чорабинӣ ҳамчун тренер ширакат дошт ва дар бораи “Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон" маълумоти зарурӣ ба рӯзноманигорон ироа намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар рафти тренинг дар бораи нозукиҳои пешбурди инъикоси хабарҳои судӣ, чӣ гуна гирифтани маълумот аз мақомоти судӣ, дар бораи қоидаҳои нашри мавод, чӣ гуна роҳ надодан ба хатогиҳо ва кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ин равандро танзим менамоянд, омӯзнида шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД