arzon replenishment
Инсофи мардум куҷо шуд?
1407

 

Солҳои пешин, ки нархи газу бензин арзон буд, бо мошин бе малол ба сафар мебаромадам... Аммо имсол вазъият тамоман дигар шуд. Асосан ба ҷойи кор бо мошин рафта одат кардаам, соли гузашта аз ҳисоби одамоне, ки аз роҳ мегирифтам, пули хӯроки нисфирӯзиам мебаромад. Имсол бошад, Худо мегӯӣ, ки ягон нафар дар роҳ бошаду ақаллан пули сӯзишвориатро пӯшонӣ. Ҳафтаи гузашта воқеае рӯй дод, ки диламро аз одаму олам сард намуд.

Чанд рӯз қабл бо аҳли оила ба шаҳри Хуҷанд равон шудем. Азбаски роҳ дур аст, дар дастам 600 сомонӣ гирифтам. 300 сомонӣ барои сӯзишворӣ ва 300 сомонӣ барои тӯй. Хулоса, дар як нуқтаи сӯзишворӣ 300 сомонӣ дода, мошинро бо газ пур кардам. Роҳ пеш гирифтем сӯи Хуҷанд. Саҳар аз Душанбе соати 7 баромадем, тӯй соати 12 буд. То Фони Айнӣ расидем, роҳ низ ним шуда буд. Бояд газ то маркази Хуҷанд-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мерасонд. Аммо дар ними роҳ гази мо тамом шуд. Дар айни гармии рӯз бо аҳли хонавода дар роҳ мондем. Дар наздикиҳо ягон нуқтаи сӯзишворӣ набуд, ки аз нав “заправка” кунем. Хулоса, 1 соат интизор шудем, ки ягон мошин моро то наздиктарин нуқтаи сӯзишворӣ кашида барад. Аммо ҳеҷ кас ба гардан намегирифт, зеро роҳҳои Хуҷанд-Душанбе хеле гардиш ва пайроҳаҳои хатарнок дорад. Аз байн ду соат гузашт, нафаре моро гирифта, то наздиктарин нуқтаи сӯзишворӣ бурд, аммо дар он ҷо газ набудааст. Боз як соати дигар интизор шудем. Аллакай медонистем, ки барои тӯй рафтан дер шуда буд, зеро мо вақти кам доштем. Бо кӯшишҳои зиёд боқимондаи пулро низ барои сӯзишворӣ сарф намуда, бо асаби хаставу дасти холӣ ба тӯйхона рафтем. Ҳолати онрӯзаи маро худам медонаму Худо. Мардуми мо киро фиреб медиҳанд? Магар аз Худо наметарсанд? То ҳол ғазабам паст наомадааст, он воқеа аз пеши назарам дур намеравад. Аз минбари ҳафтаномаи “Оила” гуфтан мехоҳам: мӯҳтарам фурӯшандаҳои газу бензин! Илтимос, вақте ба шумо пули газ медиҳанд, мошинро бо газ пур кунед, на ин ки бо ҳаво!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД