sebiston july new
INSTAGRAM БА ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА АЛОМАТИ ҚАЙДИ КАБУД ДОД
1206

 

Саҳифаи Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони 28-солаи тоҷик дар шабакаи “Instagram” бо гирифтани аломати қайди кабуд расмӣ шуд. Акнун миёни чандин саҳифаҳои қалбакӣ, ки ба номи овозхон аз тарафи мухлисонаш кушода шудаанд, пайдо намудани саҳифаи аслии ӯ осон гардид.

“Чанд муддат буд, ки инро интизор будем. Имрӯз ман аломати қайди кабудро гирифтам. Агар ман ин қадар мухлиси зиёд намедоштам, шояд аломати қайди кабудро гирифта наметавонистам”,-навиштааст овозхон санаи 31-уми март дар Инстаграм ва ба мухлисонаш изҳори сипос кардааст. Гирифтани аломати қайди кабуд ё ба истилоҳ “верификатсия” дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ҳунармандони хориҷӣ кайҳост, ки ба ҳукми анъана даромадааст, аммо ин амал миёни ҳунармандони тоҷик давоми ду-се соли охир мӯд шуд.

Ҳоло аз ҳунармандони тоҷик Ҷонибек Муродов, Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Садриддини Наҷмиддин, Меҳрнигори Рустам, Сафармуҳаммади Рустам, M.One (Мастер Исмайл), Валиҷон Азизов ва Беҳрӯз Зеваров аломати қайди кабуд доранд, ки Зулайхо низ ба сафи онҳо дохил гардид.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД