Arzon march 2024
Интиқоди Зулайхо Маҳмадшоева аз мардони “алфонс”
3043

Овозхони шинохтаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева бо нашри як матлаб дар саҳифаи Инстаграми худ мардони “алфонс”-ро зери тозиёнаи танқид гирифтааст.

Ӯ мегӯяд, ки имрӯз занҳо мардонавор талош мекунанду мардҳо давлату савлати муфт мехоҳанд. “Дунё мисле ки дигар шудааст. Занон мардонавор талоши зиндагӣ мекунанд, вале мардон паси зону менишинанду сарвату савлати муфт мехоҳанд. Дар зиндагӣ фақат бо дастони худат дару дарвозаҳои ояндаро боз кун ва мунтазири касе мабош. Шонаҳои занонаи нозуки маро қисмат аз дастони басо номардҳо сахту устувор кардааст. Фақат дасти худамро мебӯсам, чун фақат худам барои худам талош кардаму мекунам”,-навиштааст, овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш. Ин бонуи ҳунар қаблан низ бо нашри як нома ба мухлисону дӯстдоронаш маслиҳат дода буд, ки барои худ зиндагӣ кунанд ва ба сухани касе гӯш надиҳанд. Чанд рӯз пеш, Зулайхо дар як пахши мустақими Инстаграмаш гуфт, ки оиладор ва зани якуми шавҳараш асту зиндагии орому осуда дорад. Имрӯз ӯ соҳиби ду писарча, Муҳаннад ва Юзорсиф мебошад. Овозхон ният дорад, ки дар оянда бо Садриддини Наҷмиддин, ки айни ҳол дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ дорад, таронаи бадеҳа сарояд. Барои мухлисонаш бошад, аз эҷодиёти устодаш Манижа Давлатова суруди ҷадиде омода кардааст, ки дар арафаи Рӯзи ошиқон нашр хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД