arzon replenishment
Зулайхо боз шавҳар кард? (ВИДЕО)
7814

Пайдо шудани 2 акси арӯсии сарояндаи маъруф  Зулайхо Маҳмадшоева   сомонаи инстаграмро тарконд.


Комментарияҳои зиёди зери ин аксҳо ва миш-миши одамон аз шавҳари нав кардани бону Зулайхо дарак медод. Зулайхо кай аз шавҳараш ҷудо шуд ва ба кӣ ба шавҳар баромадааст? Барои ба ин саволҳо ҷавоб гирифтан мо ба бародари Зулайхобону Ҳавасшоҳ Маҳмадшоев занг задем.

-Салом Ҳавасшоҳ,чи ҳол доред?

-Салом Шабнам. Ташаккур хубам.

-Зулайхобону ба зангҳоямон ҳеҷ ҷавоб намедиҳад. Зиёд серкор аст ё язнаи навамон иҷозат намедода бошад?

-Язнаи нав яъне чи?

-Навакак Зулайхо расмҳои арӯсиашро дар саҳифаи инстаграмаш гузоштааст. Мегӯянд, ки сарояндаи машҳури ӯзбек Севинч Мӯминова ба табрики Зулайхо омада, дар тӯй ҳамчун дугонаи ҷонии арӯс дар бараш нишастааст...

-Эй нее, Зулайхо шавҳари нав накардааст. Он ду аксе, ки шумо мегӯед, аз фотосесияи наваш аст.

-Фаҳмо! Бону Зулайхо ин шабу рӯз чи кор машғул аст?

-Зулайхо ҳам аз пайи эҷод аст ва ҳам аз пайи тарбияи шербачаҳояш. Писари хурдиаш Юзорсиф бисёр шӯх шудааст. Зулайхо вақташро бештар бо ӯ мегузаронад.

-Ташаккур барои сӯҳбати ошкоро!

-Саломат бошед!

 

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Баходур 2019-09-05, 20:03
кому это интересно? И кто такая зулайхо?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Баходур 2019-09-05, 20:03
кому это интересно? И кто такая зулайхо?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД