Formula july 2024
Ишқи сархӯр Қисми 3
1443

Давомаш ...

Собир чандин бор Сайҳунаро зорӣ кард, ки “биё туро бурда, бо модарам шинос кунам”, вале зан метарсид, ки хушдоманаш аз худаш ду сол калон будани келинашро фаҳмида, дилкаф нашавад.

Аслан Сайҳуна аз сину солаш даҳ-понздаҳ сол ҷавон метофт, вале чун дар бари Собир шинад, калонияш маълум буд. Зан барои аз даст надодани шавҳари ҷавонаш дар Эрон ҷарроҳии пластикӣ карда, таровати рӯяшро барқарор карда бошад ҳам, пажмурдагии гарданаш аз синну соли соҳибаш дарак медоданд. Сайҳунаро ҷудоӣ аз Собир баробари марг бошад ҳам, ғаму дардашро фурӯ нишонда, чанд бор ба ӯ гуфт, ки “ту бояд зани ҷавон гирӣ”, вале ҷавонмарди гандаошиқ аз зани пираш дил канданӣ надошту ӯро баробари ҷонаш дӯст медошт. Боре Сайҳуна ба Собир гуфт:

-Собирҷон, агар дилат барои меҳнатҳоят сӯзад, ман дороиямро ба ту тақсим мекунам, вале ту зани ҷавон гир!- Собир чанд рӯз бо вай гап назада, ҳатто аз тиҷорат даст кашида, ба кор даромаданӣ шуд, ӯ қатъӣ фарёд зад:- Сайҳун, дороият ба худат насиб кунад, ман ба кори дигар мегузараму ба тиҷорати ту дахл намекунам, вале аз баҳри тую фарзандам намегузарам! -Акнун, ки Собир назди модараш мерафт, Сайҳун пеш аз сафар шавҳари ҷавонашро ба оғӯш гирифта гуфт:-Собирҷон, дили модаратро нашикан, бигузор ӯ арӯси хушкардаашро ба хона оварда, армон шиканад. Ҳозир ҳама дузана, гоҳ бо ӯ мемонӣ гоҳ бо ману Самирҷон.

Аммо Собирҷон бо навозиш мӯйҳои парешони зани пирашро навозиш карда посух дод:

-Сайҳун, ман як тора мӯйи ту ва нохуни пойи Самирамро ба садҳо духтари ҷавон иваз намекунам. Ту бо ин зебоию латофат аз сад духтар болотарӣ, ҳар чӣ бодо бод, ба модарам мегӯям!- Онҳо чанд дақиқаи дигар ҳамдигарро аз оғӯш сар надода, чун ҷавонони навхат бӯсобӯсӣ карданду баъд хайрухуш намуданд…

                                    Маслиҳати сархӯр

Холаи Гулзор писарашро бо хурсандӣ пешвоз гирифта, аз нуқлу навои аз бозори Панҷшанбеи Хуҷанд хариднамудааш назди ӯ гузошта, сари масъалаи зангирӣ омад. Модар чанд духтари зери чашм кардаашро пеши писараш таърифу тавсиф намуда, дар чашмонаш шарораеро надида гуфт:

-Бачаҷон, агар ягон духтари шаҳриро дӯст дошта бошӣ, бигӯ ман зид нестам, э- исто ҳамон раисаи накӯкор ягон духтур ё ҷиян надорад, ки келин кунам?!- Бо шунидани исми раиса дар ҷисми Собирҷон рашъа афтода бошад ҳам, бо мулоиматӣ гуфт:-Очаҷон, ман медонам, ки шумо барои ман шуда, умратонро хазон кардед, вале ман хоҳишатонро иҷро карда наметавонам, зеро зану фарзанд дорам!- Ранги зан канд, лабонаш пир-пир парида, шаппотие ба рӯи писараш зада фарёд кард, -наход ту писар дорию модарат бедарак?!- Собир дид, ки ҳоли модараш бад шуда истодааст, ӯро ба мошинаш бор карда, ба духтур бурд, вале талоши духтурон фоидае набахшиданд, Гулзор-хола баъди се рӯзи кашмокашӣ бо марг ҷон ба ҷонофарин дод. Собир маъракаҳои сею чили модарро дода, ба шаҳр назди зану фарзандаш баргашт, Сайҳуна худро дар марги модари Собир гунаҳгор дониста, нолаю фиғон бардошт. Аммо шавҳари ҷавонаш ӯро тасалло дода гуфт:

-Ман фақат гуфтам, ки зану фарзанд дорам, аммо нагуфтам занам кист? Имрӯз шӯи ҷавону зани пир зиндагии хурамонае доранд, аммо фардо чӣ мешавад, номаълум…

Анҷом

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД