Arzon march 2024
Ишқи тақдирсӯзи бачаи хола Қисми 1
2004


Ё чаро Хуршед ҳамсарашро бо фарзандони маъюб танҳо гузошт

Хуршед бо Ҷамила писархола буд. Аз хурдӣ якҷоя бозӣ мекарданду ҳизо мехӮрданд. Қариб ки дар як ҳавлӣ бузург шуда буданд. Тақдири онҳоро дар як мактаб ва як синф пайваст. Хуллас, аз рӯзе, ки сари ақл омаданд, паҳлуи якдигар буданд. Бо ҳам унс гирифтанд. Дар дилашон ғайри ихтиёр муҳаббат лона гузошт. Кабӯтари ишқ парвоз кунандаи осмони андешаҳояшон шуд. Аз гирифтани дасти ҳамдигар меҳру муҳаббати воқеиро эҳсос мекарданду худро хушбахттарин ҷуфти дунё тасаввур менамуданд. Орзуҳои ниҳодашонро ҳадду канор набуд. Лаби ҷӮй борчаи пур сабзаи назди ҳавлии мактаб нишаста, дар як лаҳза хаёлан ба зиндагии воқеӣ сафар мекарданд. Хатто барои фарзандони худ ном меҷустанд.

Баҳс миёнашон атрофи писар ё духтар таваллуд шудани фарзанди аввал ҳамеша ҷараён дошт. Ҷамила писар мехосту Хуршед духтар. Духтар дӯстдории Хуршедро Ҷамила ҷиддӣ намегирифт, бовар ҳам намекард, зеро медид, ки аксари мардон бо сабаби духтарзо будани ҳамсар низоъҳои бисёр мекунанд ё ҷудо мешаванд. Вале ҳатман бояд дар мавзӯе баҳс мекарданду ин баҳс онҳоро то давутозу шӯхиҳои ҷавонӣ мекашонд. Давраи мактабхонӣ бо хотираҳои ширин анҷом ёфт.

Хурсанд буданд, ки акнун робитаашонро ба хонавода ошкор месозанду ба оғуши якдигар мерасанд. Вале ҳеҷгоҳ кисмат бо хоҳиши мо ҳаракат намекунад. Зиндагӣ бозиҳои худро дорад. Волидони ҷавонон ба издивоҷи онҳо розӣ нашуданд. Модари Хуршед бо вуҷуди он, ки Ҷамиларо дӮст медошту хулқу атворашро меписандид, изҳор дошт, ки қадами Ӯро дар хонааш роҳ намедиҳад. Модари Ҷамила низ аз никоҳи хешу табори наздик метарсид.

Азобу машаққати ин ду ҷавони орзу парвар шуруъ шуд. Хуршедро бо фиреб ба Федератсияи Россия фиристонданду Ҷамиларо ба Шокир ном ҷавоне аз ҳамсоя қишлоқ фотиҳа карданд. Духтар падару модарашро ҳушдор намуд, ки ин корашон оқибат пушаймонӣ меорад. Аммо онҳо аз сахтгирию ситезаи худашон миннатдор буданд. Гумон мекарданд, ки бо сарзанишу ҷанҷол кор ҳал мешавад. Рӯзе набуд, ки Ҷамиларо барои рӯзу шаб гиристанаш танбеҳ накунанд. Духтарро аз ба дунё омаданаш пушаймон карданд. Зиндагӣ дар назараш тира шуд.Ҳақи аз дарвоза берун шудан надошт. Бо касе ҳамсуҳбат шуда наметавонист. Телефон надошт, ки вазъияти бади ба сараш омадаро ба Хуршед расонад. Метарсид, ки ин бехабарии Хуршед, оқибат онҳоро аз ҳам ҷудо месозад.

Ӯро маҷбур ба шавҳар медиҳанду ҳаминтавр шуълаи ишқашон хомӯш мешавад. Шабу рӯз Худоро илтиҷо мекард, ки ба додаш расаду ҳоли зорашро ба ошиқаш ошкор созад. Хуршед низ хавотир шуд. “Чаро ман Ҷамиларо ёфта наметавонам? Чаро намегузоранд бо ӯ ҳамсуҳбат шавам? Телефонаш барои чӣ хомуш аст?» Садҳо суолу фикр қалби озурдаи Хуршедро мехарошиду нигарониашро афзун месохт. Кор ба ҷое расид, ки як ҳафта пеш аз тӯйи Ҷамила, Хуршед ба Ватан баргашт. Дарвозаи хонаи холаашро, ки пас аз рафтани ӯ ҳамеша маҳкам буд, тақ-тақ кард. Касе накушод. Аз болои девор убур карда ба хона даромад. Дар ҳавлӣ ҳеҷ кас наменамуд. Дари меҳмонхонаро кушод, ки дар кунҷи хона нафаре зери адиёл хоб буд. Оҳистакак адиёлро яктарафа намуд, ки Ҷамила ботарс аз ҷойпарид. Хуршедро дида, якбора ба гиря сар кард. Вазъиятро ба Ӯ қиса намуд.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД