Commerc banl
Иштибоҳи писар (ҚИСМИ 2)
369

Пас аз ду рӯз ҷавонони роҳзанро дастгир карданд. Онҳо се нафар буданд, ки дар наздикии ҳамон маҳалла оворагардӣ мекарданд. Вақте онҳоро барои рӯбарӯкунӣ оварданд, Собирҷон ба чеҳраҳои онҳо нигоҳ кард. Онҳо ҷавонони одӣ буданд, ки аз бекорӣ ва нодорӣ ба ин роҳ рафтаанд.

Яке аз онҳо бо овози паст гуфт, ки мо намехостем ӯро кушем, фақат фикр кардем, ки дар ин хонаи калон пули зиёд ҳаст, вақте кампирро дидем, ӯ фақат ба сурати девор нигоҳ карда, бачаҷон мегуфт.

Собирҷон ба хонаи боҳашаммати худ баргашт, вале он ҷо дигар барояш мисли гӯр вазнин менамуд.

Гулчеҳра кӯшиш мекард, ки зиндагиро ба маҷрои пешина баргардонад ва дар бораи харидани мебелҳои нав суҳбат мекард. Рӯзе Собирҷон ба ӯ нигоҳ карда гуфт, ки мо ҳама чизро ҳисоб кардем, Гулчеҳра, фоизи пулро, нархи заминро, обрӯи вазоратро, вале фаромӯш кардем, ки одамӣ бо меҳр зинда аст.

Ӯ акнун фаҳмида буд, ки Гулчеҳра на ҳамсару ҳамсафари умраш, балки як шарики тиҷоратӣ дар бозори бераҳми зиндагӣ будааст.

Аз он воқеа моҳҳо гузашт. Собирҷон дигар он марди мағрури собиқ набуд. Ӯ зуд-зуд ба сари қабри модар мерафт ва соатҳо дар сукути қабристон менишаст. Ӯ медонист, ки қотилони модараш танҳо он се ҷавон набуданд. Қотили асосӣ худи ӯ буд, ки бо беэътиноӣ ва сукути худ роҳро барои ин фоҷиа кушода буд. Ҳар бор, ки телефонаш занг мезад, ӯ бо умед ба экран менигарист, вале медонист, ки дигар ҳаргиз номи модарро дар он нахоҳад дид.

Собирҷон рӯзе аз хоб бедор шуда, бо ҳарос ба атрофи худ нигоҳ кард. Хонаи боҳашаммат бо деворҳои баланд ва фаршҳои мармарӣ акнун ба назараш мисли як зиндони сард менамуд. Ӯ ба оина нигоҳ кард ва дар чеҳраи худ мардеро дид, ки дар ҷустуҷӯи мартаба ва сарват асли худро гум кардааст.

Гулчеҳра дар ошхона машғули суҳбати телефонӣ буд ва бо ҳамон лаҳни ҳамешагӣ дар бораи нархи тилову сафари навбатии худ ба хориҷа ҳарф мезад. Овози ӯ ба гӯши Собирҷон мисли садои оҳане мерасид, ки болои шишаро мехарошад.

Ҳамон рӯз Собирҷон бе ягон сухан хомӯшона ба кор рафта, аризаи истеъфо навишт. Ӯ фаҳмид, ки дигар наметавонад дар он курсии мулоим нишинад ва нақшаҳои сохтмонишаро кашад, вақте ки таҳкурсии зиндагии худаш барбод рафтааст.

Пас аз ин ба назди Гулчеҳра омада гуфт, ки ман ба ҳавлии модарам бармегардам, дигар дар ин шаҳри бераҳм зиндагӣ кардан намехоҳам. Гулчеҳра бо тааҷҷуб ва заҳрханда ба ӯ нигоҳ карда, гуфт, ки магар девона шудаӣ, охир он ҳавлии вайрона ба ту чӣ медиҳад?

Собирҷон дар ҷавоб чизе нагуфта, либосҳояшро ба як ҷомадони хурд андохт ва аз хона баромад.

Ӯ ба ҳавлии модар омад ва калидро дар қулф чарх зад. Дари чӯбин бо садои ғиҷиррос кушода шуда, бӯйи ошнои пудинаву хоки намнок ба димоғаш зад. Ӯ дар рӯйи ҳамон кате нишаст, ки модараш рӯзҳои охирини умрашро он ҷо гузаронида буд.

Собирҷон ба деворҳои ҳуҷра нигоҳ карда, сурати кӯдакии худро дид, ки дар байни аксҳои дигар ҷойи асосиро дошт. Модар дар ин танҳоӣ бо ҳамин акс зиндагӣ мекард.

Ӯ тасмим гирифт, ки ҳавлиро ба тартиб меорад ва онро ба як маркази хурди таълимӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор табдил медиҳад. Собирҷон фаҳмид, ки пушаймонӣ на бо ашк, балки бо амали нек шуста мешавад.

Ӯ ҳар субҳ аввал ба сари қабри модар мерафт ва гӯё бо ӯ машварат мекард. Дигар аз он марди мағрур нишоне намонда буд. Ӯ акнун ба як марди одӣ табдил ёфта буд, ки бо кӯдакон суҳбат мекард ва ба онҳо меомӯхт, ки бузургтарин сарвати одам на пул, балки меҳри волидон аст.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД