arzon replenishment
Қиссабур ба чанг афтид
652


Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар додааст, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба ғорат кардани мусофирон машғул буд...
“Як нафар истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, бо нашри як чанд акс дар саҳифаи фейсбукии худ аз мақомоти милитсия дархост намуд, ки нисбати марди дар аксҳо инъикосёфта чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои номбурда, ин мард дар дохили нақлиёти мусофиркаш ба дуздии маблағҳои шаҳрвандон машғул будааст.

Оид ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, марди дар аксҳо инъикосёфта, шаҳрванд Каримов Қиёмиддин Муҳаммадисоевич, санаи таваллудаш 27. 05.1974, сокини ноҳияи Хуросон дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд-мегӯяд манбаъ.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар аз ҷониби ин мард мавриди дуздӣ қарор гирифта бошанд, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД