formula
ҚИССАИ ШАБ: ҶАЗОИ ЗАНДУЗД (ҚИСМИ 1)
4530

«Ин гови ба гӯсолаи овардаатро гиру аз ин ҷо дафъ шав! Ман туро оқ кардам», дод зад падар…

Дар оилае, ки ман ба камол расидам, ҳама соҳиби маълумот ва обрӯманданд. Падарам сардори як корхонаи азим, модарам муаллима, бародаронам дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд, вале оила бе ахмоқ намешавад гуфтагӣ барин, мани кенҷагӣ шӯрапушту бекорхӯҷаву ҳавасбоз баромадам. Аз хурдӣ бачаи шӯхи беқарор будам ва рӯзи дароз аз дунболи духтарҳо медавидам. Бо чанд зебосанам чақ-чақ карда мегаштам, вале нисбати касе дар дил муҳаббати самимӣ надоштам. Аниқтараш, духтарҳоро танҳо барои дилхӯшӣ истифода мебурдаму баъд ба ҳолашон механдидам. Аҷаб тазодҳое доштааст ин зиндагӣ, гоҳо чунон дар гиробат меафканад, ки сари калобаатро гум мекунӣ. Бо мани булҳавас низ зиндагӣ чунин бозии тақдирсӯз кард.

 

Садама

Рӯзе аз падарам пинҳонӣ ба ҳавлӣ даромада мошинро гирифтаму ба сайри шаҳр баромадам. Аз хӯрдӣ ба рондани мошин шавқу рағбати зиёд доштам ва ба хубӣ аз ӯҳдаи ронданаш мебаромадам, Аммо намедонам қисмати талхам чунин будааст ё суръатро баланд кардам, ки он рӯз ба садама дучор гаштам. Мошини замонавии падарам сахт осеб дид, маро бошад беҳушу беёд ба беморхона бурданд. Баъди чанде ба худ омада дар болои сарам духтари зебоеро дидам. Он париваш дар тан хилъати барф барин сафед дошт ва бодиққат набзи маро месанҷид. Аз чашмони хумораш чашм накарда, лолу карахт ба рӯяш нигаристам. Духтарак табассуми зебое карда гуфт: «Холаҷон, ана писаратон ба ҳуш омад». Гиряву нолаю меҳрубониҳои модарро намешунидам, ишқи фариштаи зебои сафедпӯш маро гӯё кару гунг карда буд. Аз нигоҳҳои меҳрбори ман дар хиҷолат монда ҳамшираи шафқат маро бо модарам танҳо гузошта ба берун баромад. Ҳама дардҳоямро дар як лаҳза фаромӯш кардам. Акнун дарк намудам, ки ишқи ҳақиқӣ савдои сари бозор набудааст. Модарамро ором кунонда, тасаллӣ додам, ки ҳолам хуб асту хавотир нашавад. «Маро бубахшед, ки шуморо нороҳат кардам. Чунин ранг гирифтани корро мунтазир набудам» гӯён аз модарам хоҳиш кардам, ки ба хона равад. Модарам хайрухуш карда баромада рафту боз ҳамон ҳамшира аз дар даромад. Ҳангоме ки ӯ ба ман сӯзандору мегузаронд, дастони нозукаш аз шарму ҳаё меларзиданд ва ин маро ба ваҷд меовард. Косаи сабрам лабрез гашту дар набудани ӯ аз ҳамшираи дигар дар борааш пурсон шудам. «Азиза духтари хуб аст, вале қисматаш шӯр будааст. Шавҳарашро бо героин дастгир карда даҳ сол аз озодӣ маҳрум намуданду Азизаи бечора бо як фарзанд миёни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонад» гуфтани ҳамкораш путке гашт, ки ногоҳ ба сарам зад. Фишори хунам бо шунидани ин гап якбора баланд шуда аҳволам чунон бад шуд, ки қариб ҷони ҷавонамро бо ҷонофарин супурда будам.

 

Дар гирдоби андешаҳо

Розӣ будам, ки Азизаро бо фарзандаш аз шавҳараш ҷудо карда бигирам, вале намедонистам, ки чи тавр ӯро аз ишқи ҷонгудозам огаҳ созам. Ба назарам чунин менамуд, ки Азизаи ман рӯз то рӯз зеботар мешавад. Тасмим гирифтам, ки бо ӯ ошкоро сӯҳбат мекунам. Ниҳоят чунин фурсати қулай фаро расид ва ҳампалатаҳоямро ҷавоб доданд. Тасмим гирифтам, ки ҳарчи бодо бод ҳамин рӯз рози диламро мегӯям.

 

Ошиқи зорам, чӣ кунам?

Худро сахт нотоб вонамуд карда аз фаррош хоҳиш намудам, ки ҳамшираи шафқатро ҷеғ занад. Азиза тозон омада хост ҳарорати баданамро санҷад. Фурсатро ғанимат дониста аз банди дасташ доштаму гуфтам:

-Ист! Ман бемор нестам. Шукр, шифо ёфтам. Ту маро умри дубора бахшидӣ, Азиза! Ман танҳо бемори ишқам. Девонаи ишқи ту гаштаам! Табассуми зебое карда масхараомез пурсид:

-Ту ҷиддӣ мегӯӣ? Маро нахандон!

-Бовар кун Азиза, бе ту зиста наметавонам. Ту фариштае ҳастӣ, ки бо як нигоҳ тухми муҳаббатро дар дилам коштӣ. Дӯстат доштам. Ба тамоми ҳастиям дӯстат медорам. Маънии зиндагиам ишқи ту гашта аст…

Азиза эҳсос кард, ки ман ҳазл намекунам, ваҷоҳати ҷиддӣ гирифта гуфт:

-Ман зани шавҳардорам ва як писар дорам!

-Медонам. Қисмати талхатро шунидам. Туро аз дасти он номард кашида гирифтаниам, Азизаҷон. Бо ҷону дил бачаатро қабул мекунам,-гуфтам қотеъона.

-Ту ҳоло бачаи хона ҳастӣ Фирдавс, волидонат бо сад орзую ҳавас туро хонадор кардан мехоҳанд,-ҳушдор дод Азиза, вале ман тоби шунидани ин ҳарфҳоро надоштам. Ду поямро ба як мӯза андохта зорию тавалло мекардам, ки хоҳишамро рад накунад. Ниҳоят вай бо аломати ризо сар ҷумбонд.

 

Қавли мардона

Рӯзи аз беморхона ҷавоб шудан ба Азиза қавл додам, ки ҳатман ӯро ба занӣ мегирам. Ба хона омада модарамро аз асли воқеа хабардор кардам. Исён бардошта бонг заданд. «Ту девона шудаӣ?! Ақлатро хурдаӣ магар бача?! Мулло оварда туро хондан лозим…» Хуллас, волидонам мулло оварда маро хононданд, ҷинбарор карданд, вале дарди ишқи Азизаро касею чизе аз дилам берун карда натавонист. «Зиндагӣ майдони мубориза аст, ман бояд роҳе ёфта ба васли азизи дилам бирасам» такрор мекардам худ ба худ гоҳи танҳо мондан.

 

Шавҳари бе никоҳ

Солҳо турнасон мегузаштанду ману Азиза торафт қаринтар гашта, мисли зану шавҳар зиндагӣ мекардем. Аз волидонам пинҳонӣ баъзе шабҳо ман ба хонаи Азиза мерафтам. Барои хонадор шуданам ҳамеша дар хонаамон ҷанҷол мешуд, вале ман ғайр аз Азиза дигар касеро қабул намекардам.

 

Ғазаби хушдоман

Рӯзе писари Азиза бемор шуд. Бемори вазнин. Хабари бемории набераашро шунида хушдоманаш аз роҳи дур ба айёдат омад. Аз забони ҳамсояҳо тез-тез ба хонаи келинаш омадани як ҷавони зебои мошиндорро шунида кампир таъна задааст, ки касофатии ту ба сари тифли бегуноҳ зад. Азиза гапгардонӣ карда болои ғазабаш равған рехтааст. «Маъшуқаи кадом раис шудаӣ, беҳаё, барои ҳамин забонат дароз-а? Бирав, ба ҷои писарам талоқатро додам» гӯён, кампир ҳамон рӯз қиёматро қоим кард. Ман ки дар дами дар мунтазири Азиза будам, то писарашро ба беморхона барам, чун барги бед меларзидам, ки оқибати ин моҷаро чи мешуда бошад. Азиза ба сухани хушдоманаш аҳамият надода, писаракашро рӯи дастонаш бардошта баромаду ба мошин нишаст. Ман онҳоро дар як лаҳза ба беморхона расонда духтуронро зорию тавалло кардам, ки кӯдакро аз марг наҷот диҳанд. Табибон чи коре аз дасташон меомад, барои наҷоти писари Азиза дареғ надоштанд ва рӯзи дигар кӯдак ба ҳуш омад. Се шабу рӯз дар паси дари беморхона то шифо ёфтани писарчааш Азизаро ҳамроҳӣ кардам. Хушдомани сангдилаш боре ба хабаргирии наберааш наомад. Рӯзи чорум Азиза барои овардани либосҳои писараш ба хонааш рафту гирёну нолон баргашт. Хушдоманаш дари хонаи ӯро қулф зада рафтааст ва ба ҳамсояҳо таъкид кардааст, ки шавҳари Азиза аз турма занг зада, ҷавоби занашро дод.

 

Гови бо гӯсола

Азизаро бо писарчааш ба деҳа ба хонаи падару модарам бурдам. Фишори хуни падарам аз ғазаб баланд шуда фиғон кашида гуфт:

-Аз баҳри ту барин фарзанд гузаштам! Гови ба гӯсолаатро гирифта аз хонаам дафъ шав! Ман дигар писар надорам. Оқат кардам.

Азизаро гирифта боз ба шаҳр омадам ва муллоеро оварда никоҳ кардам. Акнун мо зану шавҳари ҳақиқӣ гаштем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД