sebiston july new
ҚИССАИ ШАБ: Дар банди ҷоду (қисми 2)
07.11.2021
ДИЛОШӮБ
4098

Якуним сол ба ҳамин минвол гузашт, як рӯз шавҳарам маст омад, ӯ қариб ки наменӯшид, вале агар нӯшад, ба девона монанд мешуд. Ман ба хотири фарзандонам, ки аз ҷангҳои падараш сахт метарсиданд, бо меҳрубонӣ пешвозаш гирифтаму ба хонаи хоб даровардамаш. Ӯ хобид, вале ними шаб бедор шуда, ба ошхона гузашту ман ҳам аз қафояш баромадам. Ӯ куҷое занг мезаду занг мезад ва чун аз он тараф ҷавоб намеомад, сахт асабӣ мешуд, ҳайрон мешудам, ки дар соати сеи шаб ба кӣ занг мезанад. Акнун ӯ ҳар шаб маст меомад, баъзан мегирист, ростӣ дилам ба ҳолаш сӯхту аз таги дилаш даромада, ҳолпурсияш кардам. Ӯ дар ду соли охир маро бори аввал ба оғӯш гирифту талх гирист. Ман ҳам гиристам, неку бад марди чашм во карда дидагиям ҳамин буд, дӯсташ медоштам, то пайдо шудани ҳамин телефонбозиҳояш ҷанг ҳам кунад, боз меҳрубонӣ низ дошт. Шавҳарам он шаб поён фаромада, аз мошинаш як шиша арақ оварду онро нӯшид ва ба ман нақле кард, ки шокӣ шудам…

                               Маҷнун

-Занакҷон,- бо гиря гуфт Назар,- ёд дорӣ, ширкати мо як мактабро таъмир кард? -Ман бо аломати тасдиқ сар ҷунбондам ва ӯ гапашро идома дод,- ман барои ҳисобу китоб ба он мактаб рафтам ва бо як нигоҳ ба директори он мактаб дил додам. Чашмони зебои қаҳваранги ӯ ба ҷонам кора карданд, диламро бурданд ва ман хӯру хоб гум кардам. Шавҳар надоштанашро фаҳмида, он қадар аз пушташ давидам, ки оқибат бо ман ошно шуд. Мо ҳар ду ҳамеша дар тамос будем, ҳар рӯз якҷоя хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрдем, оқибат ман ӯро никоҳ кардаму ба хонааш мерафтагӣ шудам. Ӯ ҳам маро дӯст дошт, вале яку якбора аз ман даст кашид! Беваи ҷодугар, маро ба домаш кашиду баъд партофтам, кадом пулдорро ёфт, вай аз ман ҳашт сол калон буд. Тамоми вуҷудам месӯзад, Гулбаҳорҷон, наметавонам дигар, худамро мекушам. Вай як беваи ғафси сиёҳи бенамуд аст, писару келин ва набераҳо дорад, ба нохуни пойи ту намеразад, вале бе вай наметавонам. Ман худамро мекушам, то аз ин дард халос шавам.

Шавҳарамро ба зӯр ором кардаму он шаб хобам набурд. Ба он беваи ҷодугар дар дилам нафрат доштам, ки шавҳари бечораамро ба худкушӣ наздик бурдааст...

                             Вохӯрӣ бо «ҷодугар»

Шавҳарам дамдузди дар худ фурӯрафта буд, бегоҳҳо ширакайф меомад ва дигар дар бораи беваи ҷодугараш чизе намегуфт, ман низ ӯро ба ёдаш намеовардам. Ба хотири шавҳарам як субҳи барвақт кофта-кофта, ба ҳамон мактаб рафтам ва гуфтам, ки ба ман Сарвиноз лозим аст. Он ҷо гуфтанд, ки ӯро дар мактаби дигар директор таъин намуданду ман таксие киро карда, ба он мактаб рафтам. Рақибам дар ҷойи кораш набуд ва гуфтанд, каме мариз асту суроғаи хонаашро гирифта, ба хонааш рафтам. Дари сурхи ҷилодорро ба рӯям зани ниҳоят зебои қоматбаланде кушод, ки либоси миллӣ ва дар сар рӯймол дошт. Чун гуфтам ба ман Сарвиноз лозим аст, ин ман гӯён, маро ба хона даъват кард. Хонаҳо он қадар зебову ба таъмир буданд, ки ҳаваси одам меомад, зан маро ба меҳмонхона даровард, болои миз як табақи калон мева ва дар ду зарфи зебо ширинӣ меистод. Сарвиноз “ҳозир чой биёрам, баъд сӯҳбат мекунем” гуфта, ба ошхона даромад ва ман ҳушу ёдамро ҷамъ карда, худам аз худам пурсидам, ки наход ҳамин зани зебо ба Назари бадафти ман ошиқ шуда бошад?!

Сарвиноз рӯ ба рӯям нишасту дар пиёлаи зебое чой рехта, ба ман дароз карда гуфт:

-Шумо модари ягон хонанда ҳастед?

Ман аз пазироии гарми ӯ каме мулоим шуда, посух додам, ки “не, ман зани Назарам”.

Сарвиноз суп-сурх шуд ва ман идома додам:

-Ман ҳама чизро дар бораи муносибатҳои шумо медонам, аҳволи шавҳарам беҳад бад аст ва гумон дорад, ки шумо ӯро ҷоду кардед…

Сарвиноз аввал баланд хандид ва баъд гириста гуфт:

-Хоҳари азиз, ман пеши ту гунаҳгорам, чунки як солу шаш моҳ бо ҳамсари ту муносибат доштам. Аммо ин як солу шаш моҳ барои ман ҷаҳаннам буд, зеро Назар ҷони маро дар нӯги биниям овард. Аввал саг барин аз қафоям давиду чун ба вай одат кардам, маро ҳақорат мекард, мезад, аз ман пул меситонд, паст мезад, боз пеши поям афтода, зорӣ мекард. Ман рӯҳан бемор шудам, дар назарам на кор метофту на фарзанду набераҳоям ва на обрӯям, вақте ин дафъа боз ба рӯйи ман туф карду қаҳр карда рафт, дигар қабулаш накардам. Ман ҳам азоб доштам, зеро ба ӯ сахт одат карда будам…. Ду моҳ ба Тошканд рафта, асабҳоямро табобат карда омадам, қасам ба ҷони ҷавони ду писари нозанинам, агар ман ӯро ҷоду карда бошам. Ӯ умуман ба ман даркор нест, як рӯз маст шуда, ба ҷойи корам омад, ба сардорашон занг задаму ба милиса ва ҳамин тавр, гум шуда рафт… Боз як бори дигар хоҳиш дорам, маро бубахшед….

Ман намедонистам ба ин зани зебо ва меҳрубон чӣ гӯям, ростӣ аз омаданам пушаймон шудам. Бо Сарвиноз, ки олиҳаи ҳусн буд, хайрухуш карда, ба хона баргаштам. Ба шавҳарам дар бораи ин вохӯрӣ чизе нагуфтам, вале аз аҳволи ӯ ҷигархунам. Бисёр мехоҳам касе ба ҳамин аҳвол афтидааст, ба ман ёрӣ расонад, то шавҳарамро аз ин рӯҳафтодагӣ берун кашам. Ростӣ, намедонам чӣ кор кунам.

                                              Бо умеди маслиҳатҳои шумо, Нафира

                                                                Таснифи Дилошӯб

          

 

                            

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД