Arzon march 2024
ҚИССАИ ШАБ: Хиёнати телефонӣ (ҚИСМИ 1)
15.11.2021
ДИЛОШӮБ
7471

 

        Зани танҳо        

Аз дори дунё як писару як духтар дорам ва пас аз фавти шавҳарам танҳо ба вояашон расонидаам. Ҳамшираи шафқат ҳастаму бо пули ҳалоли меҳнатӣ, шабу рӯз дар хизмати мардум қарор дорам, то фарзандонам аз чизе камбудӣ эҳсос накунанд. Барои зани танҳо хеле душвор аст, инро ҳар нафаре, ки дар чорроҳаи қисмат танҳо мондааст, медонад ва суханҳои маро тасдиқ хоҳад кард. Писару духтарам низ баробари ман бори зиндагӣ мекашиданд, духтарам синфи ҳашт мехонд, ки ба пухту паз оғоз кард. Писарам пухту пази хоҳарашро ба мағозаҳо тақсим менамуду бегоҳӣ рафта, пули онҳоро ҷамъ карда меовард. Дар як канори шаҳр ҳавличаи назарногире доштем, ки онро падарам баъди фавти шавҳарам харида тӯҳфаам кард. Мо бо хусуру хушдоманам мезистему онҳо моро ба ягон чиз ҳақдор накарданд, волидони ман ҳам чизе нагуфтанд. Ба ман чор апаю ду додарам баъзан ёрӣ медоданду халос, падару модар аз сар рафтанд, тифлакони ятимам қад кашида калон шуданд. Шукронаи Худои бузург, ҳеҷ гоҳ дар пеши касе аз рӯйи фарзандонам сурху сафед нашудаам, аз худию бегона барои ахлоқи накӯи онҳо раҳмат мешунидам…

                         Ташвишҳои ширин

Духтарам хостгори зиёде дошт, вале ман хостгорони апаамро пазируфтам, зеро мехостам духтараки ягонаам ба ҷои бегона не, ба хонаи холаҷони худаш келин шуда равад. Хулқу атвори духтарам зеботар аз худаш ҳастанд, ҳамин буд, ки дар хонаи шавҳараш зуд мавқеи худро ёфт. Новобаста аз он, ки қудо хеш аст ё бегона, ба хулқу атвори келин албатта аҳмият медиҳанд. Аммо писарам ба зудӣ ба хонадор шудан розӣ нашуд, вай аввал донишгоҳро тамом кард. Дар баробари донишгоҳ назди рӯҳонии машҳуре илми илоҳиётро низ аз бар намуд ва чун донигоҳро хатм кард, ба Русия рафт. Ду сол кор карда, хонаву дарамонро ба таври шинохтанашаванда таъмир кард. Ҷиҳози хонаро низ пурра дигар кард ва баъд дар як ширкати сохтмонӣ ба ҳайси муҳосиб ба кор даромада, гуфт, ки акнун зан мегирам! Писарам диндору парҳезгору покдоман, қории Қуръони маҷид аст ва интихоби келинро ба ман вогузошт, танҳо бо як шарт, арӯс бояд аз оилаи хешу табор набошад. Мо дар ҷустуҷӯйи келин он қадар азоб ҳам накашидем, зеро ҳамсоя духтари акаашро пешниҳод кард. Бо ҳамсояам дӯстии хуб доштем, ман ӯ ва ҳамсарашро мисли фарзандони падарам медонистам. Ҷиянашонро, ки гоҳ-гоҳ ба хонаашон меомад, мешинохтам. Ҳама пайвандони онҳо тақводор, хушахлоқ, дастархондор ва соҳибиззату соҳибэҳтиром буданд. Ману апаи калониям дастархону қанду қурс бардошта, ба хостгорӣ рафтем, чун ҳамсояам пешакӣ гапро бо онҳо пазонда буд, мо сафедӣ гирифтем. Охир, писари ман аз касе кам набуд, бар замми ин, намозхону парҳезгору меҳнатӣ буд. Ман бо табъи болида ба хона баргаштам ва ба тӯй тайёрӣ диданро сар кардам…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД